Ширкати олмонӣ аз соли 2021 дар миёни Замину Моҳ хидматрасонӣ мекунад


Ширкати Deutsche Post DHL, ки вобаста ба “Почтаи Олмон” аст, мехоҳад аз соли оянда бастаҳои (посылка) одамонро ба Моҳ барад. Дар ин бора рӯзномаи Die Welt менависад.
Ин ширкат бастаҳои одамонро ба маҳалли “Кӯли марг” мебарад. “Кӯли марг” дар қисми шимолии тарафи намоёни Моҳ ҷойгир аст. Ширкат қабули бастаҳоро барои бурдан ба Моҳ оғоз кардааст.
Нархи фиристодани бастае, ки ҳаҷми он ним дюйм аст, 460 доллар мебошад (1 дюйм – 2,54 см). Агар ҳаҷми баста 1 дюйм аст, бояд 1660 доллар пардохт шавад. Ба Моҳ чизҳои калонро низ фиристодан мумкин, аммо ин хеле қимат аст. Масалан, нархи фиристодани бастае, ки 1 кило вазн дорад, 1,2 миллион доллар мебошад.
Бино ба навиштаи рӯзнома, ба муштарие, ки аз ин хидматрасонии ширкат истифода бурд, видеои ба Моҳ расидани бастаи ӯ ва харитаи Моҳ ва сертификати махсус дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ