Дар Иштихон масҷидро ғорат карданд


Имрӯз, 8 декабр ба масҷиди “Сӯфӣ Оллоёр”-и ноҳияи Иштихон дузд даромад. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Ҳанӯз маълум нест, ки дуздиро як нафар анҷом додааст, ё чандин нафар. Чунки, чипи камераи назоратӣ низ дуздида шудааст.
Дузд аз тиреза вориди масҷид шуда ва чанд дона фаршро ба ғорат бурдааст. Ҳамчунин, қутии эҳсони масҷид низ шикаста шудааст. Аммо қутӣ холӣ буд.
Кормандони пулис дуздро меҷӯянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ