Ҳама ба рақс! Брейк-данс ба сурати расмӣ навъи варзиши олимпӣ эълон шуд


Кумитаи байналмилалии Олимпия брейк-дансро навъи варзиши олимпӣ эълон кард. Ин рақси варзишӣ соли 2024 бори нахуст дар Бозиҳои Олимпия дар Париж изофа мешавад.
Ба гуфтаи Дмитрий Калугин, гӯяндаи варзишии шабакаи телевизионии “МИР-24”, сабаби варзиши олимпӣ оддӣ аст. Эътибори ҷавонон ба бозиҳои олимпӣ сол то сол коҳиш меёбад. Синни миёнаи тамошобинони Олимпиадаи Пекин-2008, ки мусобиқаро аз тариқи телевизион медиданд 47 буд. Баъди 6 сол, дар Олимпиадаи Сочи синни миёнаи тамашобионони телевизионӣ ба 55 расид.
Кумитаи байналмилалии Олимпия барои баргардондани эътибори ҷавонон скейтбординг ва сёрфингро низ ба қатори варзишҳои олимпӣ дохил карданд.
Ричард Колон, як раққоси брейк-данс мегӯяд, “Чаро кумитаи байналмилали Олимпия ба мо таваҷҷӯҳ кард? Чунки, мо ба онҳо зарурем, мо барои бештар кардани шавқу эътибори тамошобинон ба Бозиҳои олимпӣ зарурем. Брейк-данс чунин имконе аст”.
Мусобиқаҳои байналмилалии брейк-данс беш аз 30 сол аст, ки баргузор мешавад. Дар ин рақси варзишӣ унсурҳои гуногун, ҳатто кунг-фуро дидан мумкин аст. Як хусусияти дигари брейк-данс ин бадеҳакорӣ аст. Ди-ҷей оҳангу ритмеро пахш мекунад, ки раққосон онро пешакӣ намедонанд. Ба ҳамин далел, даъвогари асосӣ ба ғолибиро пешгӯӣ кардан душвор мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ