ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БОРАИ КОНСТИТУТСИЯ, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ХУД ЧИҲОРО МЕДОНАНД?

Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишварамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агентии иттилоотии «Дунё» аксияи «Конститутсияи кишвар дар ҳаёти ман»-ро баргузор кард.
Мақсад аз чорабинӣ донистани он аст, ки ӯзбекистониён ҳуқуқҳои конститутсионии худро чӣ гуна дарк мекунанд, Конститутсия барои онҳо чӣ маъно дорад, нақши онро дар ҳаёти ҳаррӯза ва касбии худ чӣ гуна арзёбӣ мекунанд. Иштирокчиёни иқдом одамони синну сол ва касбу корашон гуногун, намояндагони соҳаҳои мухталиф, миллат ва синну солашон гуногун мебошанд. Ба онҳо бо саволҳои зерин муроҷиат карда шуд:

  1. Конститутсия шахсан барои шумо чӣ маъно дорад?
  2. Оё шумо ҳуқуқҳои конститутсионии худро пурра медонед? Оё шумо ягон бор имкони ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро доштед?
  3. Оё шумо дар фаъолияти касбӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи худ аз принсипҳои конститутсионӣ истифода мебаред?
  4. Рӯзи Конститутсия барои шумо чист ва шумо ин идро чӣ гуна ҷашн мегиред?
    Умедворем, ки ба хонандагон шинос шудан бо нуқтаву назар ва рӯъёҳои мухталифи ҳамватанонамон шавқ мебахшад.
    Элшод РАСУЛОВ, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс, ғолиби Бозиҳои Осиё, собиқ узви дастаи ватании мунтахаби бокс, дорандаи ордени «Меҳнат шуҳрати»:
  5. Конститутсия барои ман, пеш аз ҳама, манбаи муҳими озодӣ ва истиқлолият аст, ки таърихи ҳазорсолаи давлатдориро инъикос намуда, хоҳишу иродаи мардуми моро дар як ҳуҷҷат ҷамъ овардааст. Ҳар як миллате, ки ба истиқлолият ноил шудааст, дар роҳи пешрафти худ, дар бунёди давлат ва ҷомеаи қавӣ ба Конститутсияи худ такя мекунад.
    Дар ин росто ман боварӣ дорам, ки Конститутсия дастури стратегӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд мебошад. Барои шахсан ман Конститутсия Қонуни асосӣ барои риояи бечунучаро буда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои маро муайян мекунад
  6. Албатта, ҳар як шаҳрванд бояд натанҳо ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии худ, балки ӯҳдадориҳои худро низ донад. Ислоҳоти азиме, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, тамоми соҳаҳоро дар бар мегиранд, муносибатҳои бозорӣ бо қонунҳои нав, ки ба манфиати мардуми мо хизмат мекунанд, танзим карда мешаванд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ман маҷбур мешавам ҳуқуқи худро ҳамчун истеъмолкунанда дифоъ кунам.
    Моҳи декабри соли 2019 дар мамлакати мо як рӯйдоди бузурги сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ – Олий Маҷлис рух дод. Ман якҷоя бо аъзои оилаам дар ин интихобот фаъолона иштирок кардам. Боварӣ дорам, ки овози ҳар як интихобкунанда муҳим аст. Депутате, ки аз ҷониби халқ ба мақоми намояндагӣ интихоб мешавад, хоҳиши халқро ифода менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки нисбати тақдири кишвар ва оилаи худ бефарқ нест, бояд ба татбиқи ин ҳуқуқи конститутсионӣ бо масъулияти баланд муносибат кунад.
  7. Маълум аст, ки принсипҳои асосии конститутсионӣ аз соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳокимияти халқ, волоияти қонун ва сиёсати хориҷӣ иборат аст. Ӯзбекистон кишвари сермиллат, сарзамини саховатмандест, ки дар он кӯдаконро дӯст медоранд, пиронро эҳтиром мекунанд ва оила қадр карда мешаванд, ин арзишҳо ба вуҷуди мо бо шири модар даромадааст, мо дар рӯҳияи ҳамфикрии байни миллатҳо тарбия ёфтаем.
    Имрӯзҳо ман фаъолияти касбии худро дар маркази тарбияи ҷисмонии Клуби варзишии тарбияи ҷисмонии «Динамо»-и Гвардияи миллии Ӯзбекистон ба ҳайси мураббӣ анҷом медиҳам. Дар сексияи мо намояндагони миллатҳои гуногун машғуланд. Ҳар яки онҳо барои ман ҳамчун як шогирд азизанд ва мекӯшам, ки ба ҳар яки онҳо муносибати инфиродӣ ёбам.
    Ман ғалабаҳои шогирдонамро азони худ медонам ва мекӯшам, ки талхии мағлубиятро бо онҳо бо ҳам бинам, ҳамеша дастгирӣ кунам ва диққати калон диҳам. Зеро дар моддаи 4-уми Конститутсияи мо омадааст: «Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати эҳтиромонаро ба забон, урфу одат ва анъанаҳои миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунанд, фароҳам овардани шароитро барои рушди онҳо таъмин менамояд». Яъне, ҳама ҳуқуқҳои баробар доранд, барои амалисозии истеъдодҳои худ ба ҳама шароитҳои баробар фароҳам оварда шудаанд. Ман ба ин принсип риоя мекунам.
  8. Албатта, барои ман ва аъзои оилаам, ҳамчун шаҳрвандони фаъол Рӯзи Конститутсия ҷашни анъанавӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқҳои худро донад ва вазифаҳои худро иҷро кунад. Зеро саводи ҳуқуқӣ ояндаи мо ва алахусус насли ҷавонро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, ман кӯшиш мекунам, ки ба фарзандонам маънои ин ҷашнро бо забоне, ки онҳо мефаҳманд, фаҳмонам, нақл мекунам, ки Қонуни асосӣ чӣ гуна эҷод шудааст ва фарзандони ман дар навбати худ дар чорабиниҳои бахшида ба ин ид дар мактаб ва боғча фаъолона иштирок мекунанд.
    Отабек СОЛИЕВ, директори генералии «UzAvto Baku» (Озарбойҷон):
  9. Пеш аз ҳама, Конститутсия — ин Қонуни асосии ҷомеа ва давлат мебошад. Конститутсия ба кишвар истиқлолият ва суботро таъмин мекунад, барои ман ҳамчун шаҳрванд низоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, кафолати татбиқи онҳоро кафолат медиҳад,.
  10. Ҳатто дар мактаб мо асосҳои Конститутсияро омӯхтем, дар солҳои донишҷӯӣ ба омӯзиши амиқтар шурӯъ кардем. Ин ба донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои мо дар маҷмӯъ мусоидат кард.
    Бо омӯхтани Конститутсия ва дар маҷмӯъ дар бораи тамоюлҳои асосӣ тасаввурот ҳосил карда, ҳама метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳимоя ва дифоъ кунанд ва аз ҳама муҳимаш ин имкон намедиҳад, ки онҳо поймол карда шаванд.
    Бо ин ё он роҳ, ҳар яки мо ба ҳолате меафтем, ки зарурати дифоъ ё ҳимояи ҳуқуқҳои мо ба вуҷуд меояд, аз ҳама муҳимаш, ин имконият дар Сарқонун сабт шудааст.
  11. Аз замони қабули он дар соли 1992, Конститутсия субот дар давлат ва ҷомеаро таъмин намуд. Ҳар яки мо, новобаста аз он ки мо инро медонем, ё мустақиман ё ғайримустақим эҳсос мекунем, ҳар рӯз аз ин субот истифода мебарем.
  12. Ин рӯзест, ки Қонуни асосӣ қабул карда шуд, ки манфиатҳои ман (шахс) -и ман, ҳуқуқ ва озодиҳои маро дар мадди аввал мегузорад. Дар ин рӯз, дар сафорати Ӯзбекистон дар Боку чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки мо ин санаро дар фазои идона ҷашн мегирем.
    Юлия САВИЧ, фаъоли диаспораи ӯзбекҳо дар Уммон:
    Барои ман Рӯзи қабули Конститутсия ҷашни бузурги миллӣ аст
  13. Конститутсияи Ӯзбекистони соҳибистиқлол аввал дар фазои пасошӯравӣ қабул карда шуд. Рӯзи қабули он 8 декабри соли 1992 аст. Конститутсия барои ман як санади бунёдии ҳуқуқист, ки меъёрҳои он на танҳо тамоюлҳои сохти давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, балки меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятиро низ муайян мекунанд.
  14. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро донад, дар баланд бардоштани маданияти сиёсии худ фаъолона иштирок кунад. Донистани Қонуни асосии давлати худ нерӯи шикастнопазир аст, ки ба халқ дар бо дастони худ бунёд намудани оянда, нерӯи зеҳнии худ кӯмак мекунад.
  15. Ман онро дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мекунам. Намунаи он муроҷиати ахири ман ба Сафорати Ӯзбекистон дар султонати Уммон аст, ки дар ин ҷо муваққатан дар ҳисоби консулгарӣ ба муносибати будубош дар ин мамлакат ва кори шавҳарам сабти ном шудаам. Бо ба итмом расидани мӯҳлати раводиди хуруҷ зарурати расмигардонӣ ва ё гирифтани намунаи нави шиносномаи байналмилалӣ ба миён омад. Бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, бо назардошти вазъи кунунии эпидемиологии ҷаҳон ва имконнопазирии ба Тошканд рафтан, ман ҳамчун шаҳрванди Ӯзбекистон ба Шуъбаи консулии сафорат муроҷиат кардам ва дар он ҷо ба ман маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва кӯмаки амалӣ оид ба мушкилоти баамаломада расонданд.
    Айни замон, пас аз пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, умедворам, ки шиносномаи навъи навро бевосита дар ҷои будубошам мегирам.
  16. Қонуни асосӣ барои ҳимояи кишвар ва халқ ҳангоми интихоби роҳи ягонаи дуруст дар ҳолатҳои душвортарин асос буд, ҳаст ва хоҳад буд. Рӯзи қабули Конститутсия барои ман ҷашни бузурги миллӣ аст. Бо назардошти будубоши муваққатии ман дар хориҷа, мо ин идро бо оиламон ҷашн мегирем.

АИ «Дунё».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ