Хариду фурӯши аслиҳа дар ҷаҳон афзоиш меёбанд


Пажӯҳишгоҳи муаммоҳои ҷаҳони Стокҳолм (SIPRI) дар бораи тиҷорати ҷаҳонии аслиҳа дар соли 2019 ҳисоботи худро тақдим кард. Дар ҳисобот фаъолияти 25 ширкати бузурги аслиҳасозии сайёра баррасӣ шудааст. Даромади умумии онҳо дар соли гузашта 360 миллиард доллар буда нисбат ба соли 2018 8,5 дарсад азоиш ёфтааст.
61 дарсади даромади умумӣ моли ширкатҳои амрикоӣ аст. Дар миёни 25 ширкати бузурги аслиҳасозӣ 12 ширкати амрикоӣ ҳастанд, ки 5-тои онҳо паҷгонаи аввали феҳристро ташкил мекунанд.
Дар феҳрист ду ширкати Русия – “Алмаз Антей” ва “Объединённая судостроительная корпорация» низ ҷой гирифтаанд. Саҳми ин ду ширкат дар фурӯши аслиҳа дар муқоиса бо ширкатҳои амрикоӣ хеле ночиз – 3,9 дарсад аст. Аз назари коршиносони Стокҳолм, ин беш аз ҳама натиҷаи таҳримҳои зидди Русия аст.
Бино ба додаҳои пажӯҳишгоҳ, Русия соли 2018 дар тиҷорати аслиҳа ва хидматрасонии низомӣ баъди ИМА дар ҷаҳон дувум буд. Аммо, Чин дар оғози соли 2019 тавонист, ки ҷойи дувумро аз Русия бигирад.
Дар зимн, намояндагони Русия чандин бора таъкид мекунанд, ки ҳисоботи SIPRI бо истинод ба манбаъҳои кушод таҳия шудааст ва ҳамаи шартномаҳои низомӣ дар манбаъҳои кушод бозтоб намешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ