Ҳаракати автобусҳо дар миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон барқарор мешавад


Намояндагони вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон хабар доданд, Тошканд ва Бишкек барои барқарор кардани ҳаракати автобусҳо дар миёни ду кишвар омода ҳастанд. Дар ин бора хабаргузории “Новости” иттилоъ дод.
Ҳаракати автобусҳо дар миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба далели пандемия дар моҳи марти соли ҷорӣ қатъ шуда буд. Аз 1 сентябр гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар боз шуданд. Аз 14 сентябр парвозҳои дуҷониба дар миёни Тошканд ва Бишкекро аз нав ба роҳ андохтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ