Назарпурсӣ: Аксарияти ҷавонони Ӯзбекистон порадиҳиро коррупсия ҳисоб намекунанд


Агентии мубориза бо коррупсия ва платформаи U-Report дар миён ҷавонон назарпурсиеро дар бораи мафҳуми порахӯрӣ анҷом дод.
Дар ин назарпурсӣ аз саросари Ӯзбекистон 15 507 нафар иштирок карданд. 30 нафари онҳо занону духтарон буданд.
34 дарсади назаргӯён порадиҳиро коррупсия ҳисоб накарданд. Ба назари 13 дарсад коррупсия ин оқибати пора додан аст.
70 дарсади ҷавонон ҳам порадиҳанда ва ҳам порагирандаро гунаҳкор медонанд. 5 сабаби асосии коррупсия аз назари ҷавонони мо инҳоянд:

  1. Кам будани музд (22 дарсад)
  2. Набудани назорати даромаду харҷи шахсони мансабдор (15 дарсад)
  3. Паст будани сатҳи ҳуқуқдонӣ (12 дарсад)
  4. Мансабпарастии кормандони давлатӣ (11 дарсад)
  5. Муқаррар набудани ҷазо барои коррупсия (10 дарсад)
    Бино ба ҷавобҳои назаргӯён, онҳо дар 2 соли охир беш аз ҳама дар соҳаҳои таълим (21 дарсад), тандурустӣ (14 дарсад), шуғли аҳолӣ (12 дарсад) ва додситониву (прокуратура) корҳои дохилӣ (10) бо коррупсия рӯбарӯ шудаанд.
    65 дарсади назаргӯён ҳангоми рӯбарӯ шудани коррупсия ба муассисаҳои масъул муроҷиат накардаанд, чун 40 дарсади онҳо инро кори бефоида медонанд. 13 дарсад аз қасос метарсанд. Ҳамагӣ 4 дарсади онҳо ба додситонӣ ё шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд.
    35 дарсади ҷавонон чунин назар доранд, ки системаи мавҷуда одамонро маҷбур мекунад, ки муаммоҳои худро бо ёрии шиносҳо ва порадиҳӣ ҳал кунанд. Аз назари 44 дарсад муаммоҳо бояд дар чорчӯби қонун ҳал шавад.
    Қисми асосии ҷавонон боло бурдани музди кормандонро роҳи аз байн бурдани коррупсия медонанд. Қисми дувум ислоҳи система ва сахттар кардани ҷазоро роҳи ҳалли ин муаммо ҳисоб мекунанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ