Духтараки 7-сола санги 80-килоиро бардошт


Рори ван Улфт, духтараки 7-сола аз Канада дар вазни то 30 кило дар миёни наврасони синни 11-13 қаҳрамони ИМА шуд. Дар ин бора Daily Mail хабар дод.
Ӯ дар мусобиқаи Ҷоми вазнабардории ИМА санги 80-килоиро бардошт, ки аз худ қариб 3 баробар вазнинтар буд.
Рори ван Улфт “қавитарин духтари ҷаҳон” эътироф шуд.
Духтарак аз 5-солагӣ бо вазнабардорӣ машғул аст ва ҳар ҳафтае барои ин 4 соат вақт ҷудо мекунад. Ҳамчунин, Рори гимнастикаро дорад ва ҳафтае 9 соат бо ин навъи варзиш машғул мешавад.
Падари Рори мегӯяд, “Рори на танҳо имрӯз, балки дар таърихи кӯдакони 7-сола низ қавитарин мебошад. Барои чунин гуфтан далелҳои кофӣ вуҷуд дорад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ