Нӯшидани машрубот ҳангоми эмгузаронӣ бар муқобили бемории COVID-19 зараровар аст

Машруботи спиртӣ метавонад инсонро дар муқобили коронавирус осебпазир кунад ва системаи эминиро зери хатар бигузорад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 10 декабр намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тарик Язаревич зимни посух ба саволи ТАСС дар бораи зараровар будани нӯшидани машрубот ҳангоми эмгузаронӣ алайҳи бемории COVID-19, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, иброз намудаст.
«Истеъмоли машруботи спиртӣ бо доираи васеи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва ихтилоли рӯҳӣ вобастагӣ дорад ва метавонад одамро дар муқобили COVID-19 бештар осебпазир кунад», — гуфтааст Язаревич. «Аз ҷумла, машрубот системаи эминии баданро зери хатар мегузорад ва таҳдиди пайомадҳои манфиро барои саломатӣ зиёд мекунад». «Бинобар ин, одамон бояд истеъмоли машруботи спиртиро дар ҳар ҳолат то ҳадди ниҳои коҳиш бидиҳанд, хусусан ҳангоми пандемияи COVID-19», — иброз доштааст ӯ.
Тавре намояндаи расмӣ таъкид кард, СУТ ба одамон тавсия медиҳад, ки саломатии худро назорат кунанд ва онҳоро ба истеъмоли ғизои солим, тарки тамокукашӣ ва маҳдуд сохтани истеъмоли машрубот даъват мекунанд. Вай хотиррасон кард, ки Созмон муайян намудааст, ки истеъмоли машрубот «метавонад ба фаъолии эминии бадан таъсир расонад» ва инчунин «осебпазирии саломатиро бештар кунад».
Роҳбари Маркази миллии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалеи Вазорати тандурустии Россия Александр Гинтсбург, ки ваксинаи «Спутник V» -ро коркард намудааст, рӯзи чоршанбе зимни мусоҳиба бо рӯзноманигорон чунин изҳор намуд: ”ба таври ҷиддӣ тавсия дода мешавад, ки дар давоми се рӯз пас аз эмгузаронӣ бо ҳар як вояи ваксинаи зидди сирояти коронавируси нави аз истеъмоли машруботи спиртӣ даст кашида шавад, аммо, сухан дар бораи комилан даст кашидан аз машруботи спиртӣ намеравад”. Гинтсбург шарҳ дод, ки истеъмоли аз ҳад зиёди машруботи спиртӣ дар давраи эмкунӣ метавонад эминияти баданро ба таври назаррас коҳиш бидиҳад, яъне метавонад самаранокии эмгузарониро коҳиш диҳад ё ҳатто онро бефоида кунад.
Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зикр карда буд, ки нӯшидани машруботи спиртӣ бояд на камтар аз ду ҳафта пеш аз эмгузаронӣ қатъ карда шавад. Илова бар ин, беҳтар аст ки аз истеъмоли машруботи спиртӣ дар тамоми давраи эмгузаронӣ — аз гирифтани вояи якуми дору то дуюми он ва чанде пас аз он, даст кашида шавад, гуфт номбурда.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ