Маҷаллаи Time “Одами сол”-ро эълон кард


Ҷо Байден, раисҷумҳури навинтихоби ИМА ва Камала Ҳаррис, муовини ӯ ба эътирофи “Одами соли 2020” сазовор шуданд.
Бино ба хабари Би-Би-Си, иттиҳоди Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис аҳамияти таърихӣ дорад. Ба ҳамин далел, имсол имсол унвони “Одами сол” ба ду нафар дода шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА, Энтони Фаучи, мутахассиси бемориҳои сироятии ИМА ва кормандони тиббӣ рақибони асосии Байден ва Ҳаррис барои дарёфи ин унвон буданд.
Ёдовар мешавем, маҷаллаи Time сар аз соли 1927 таъсиргузортарин шахси солро эълон мекунад. Соли гузашта Грета Тунберг, фаъоли экологӣ, ки ҳанӯз дар мактаб мехонад, одами сол эътироф шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ