Ӯзбекистон ба сурати расмӣ давлати мушоҳидакунанда дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бо даъвати пешвои Белорус – Александр Лукашенко рӯзи 11 декабр дар нишасти онлайни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) иштирок кард. Дар ин бора Дарё.уз хабар дод.
Яке аз масъалаҳои муҳимми нишаст тақдими мақоми мушоҳидакунанда ба Ӯзбекистон буд. Ин масъала бо ризояти тарафҳо ҳал шуд ва Ӯзбекистон расман кишвари мушоҳидакунанда дар ИИАО шуд.
Ҳамчунин, ба давлати Куба низ чунин мақоми мушоҳидакунанда дода шуд.
Ёдовар мешавем, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аъзои ИИАО мебошанд. Молдова дар ин иттиҳод мақоми мушоҳидакунанда дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ