Вазифаҳои гузошташуда бояд иҷро гарданд

Рӯзи 9-уми декабр дар маҷлисгоҳи калони ҳокимияти вилоят сессияи ҳаждаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.
Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард.
Мувофиқи рӯзномаи сессия аввал ахбори идораҳои суди вилоят роҷеъ ба корҳое, ки дар 9 моҳи соли 2020 барои амалӣ кардани суди одил иҷро шудаанд, шунида шуд.
Раисони суд ахбори иловагӣ пешниҳод мекунанд
Дар давоми муҳокимаҳо ба раисони судҳо пешниҳод ва тавсияҳои муайян дода шуданд. Аз ҷумла, аз раиси суди вилоят роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ О. Ҳайитов додани ахбори таҳлилӣ дар бораи сифати маводҳое, ки органҳои тафтишот тақдим мекунанд, пурсида шуд.
– Ин барои чӣ лозим аст? – гуфт раиси Шӯро Э. Турдимов. – Агар парвандаи ҷиноие кушода шаваду ба ҳолат равшанӣ наандозад, муфаттиш кай масъулиятро ҳис мекунад? Бинобар ин, дар ахбори таҳлилӣ мисоли дар маводҳои тафтишотии кадом идора пешниҳодкарда бисёр будани норасоӣ ва фамилияҳои муайян лозим аст.
Ба раиси суди вилоятӣ роҷеъ ба корҳои шаҳрвандӣ тавсия дода шуд, ки дар бораи мансабдорҳое, ки ба рӯй додани ҳолатҳои низонок сабаб шудаанд, ахбор дохил кунад.
Раисони судҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ дар бораи идораҳои ҳудуди онҳо, ки дар фаъолияташон норасоӣ муайян шудааст, маълумот хоҳанд дод.
Ҳолати коррупсионӣ равшан карда шуд
Прокурори вилоят Р. Машарипов нисбати корҳои амалишуда бештар дар бораи дар кадом соҳа чӣ хел ҳолатҳои ришвахӯрӣ рӯй додааст, ҳарф зад.
Қайд гардид, ки дар ду соли охир дар вилоятамон 246 нафар шахси соҳибмансаб барои ҷинояти бо коррупсия вобаста ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Дар натиҷаи чунин ҷиноятҳо беш аз 25,3 миллиард сӯм зарари моддӣ расонидаанд.
Ҷиноятҳои мазкурро аз рӯйи соҳаҳо таҳлил кунем, ходимони соҳаи бонк 19-то, таълими олӣ 17-то, таълими халқӣ 15-то, тандурустӣ 33-то, таълими томактабӣ 20-то, андоз 4-то, корҳои дохилӣ 21-то, бюрои иҷрои ҳатмӣ 8-то, суд 3-то ва корхонаву ташкилотҳои дигар 58-то ҷинояти бо ришва вобаста содир кардаанд.
– Ин рақам ва мисолҳо ҳамаамонро ба ҳушёрӣ даъват мекунад, – гуфт Р. Машарипов.
– Пеш аз ҳама, агар дар роҳбарони якум хоҳиши дар сохтор барқарор кардани адолат, роҳ надодан ба шиносбозӣ бошад, бо қатъият амал кунанд, решаи ришвахӯриро бартараф кардан мумкин аст.
Р. Машарипов қайд кард, ки дар сох­тори прокуратура масъалаи 4 нафар ходим, ки ба кор бемасъулиятона муносибат кардаанд, баррасӣ мегардад.
Тадбиркор қоидавайронкуниҳоро ба навор мегирад
Дар сессия ҳисоботи сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Ш.Раҳмоновро низ шуниданд.
Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки барои наафзудани вазъияти криминогенӣ роҷеъ ба дуруст истифода бурдани қувва ва воситаҳо ҳамаи чораҳо дида мешаванд.
Намояндаи халқ Азиз Аҳроров пурсид, ки чаро дар чорроҳа ва буриши роҳҳо аз ускунаҳои қайди видеоӣ истифода намебаранд.
– То имрӯз беш аз 4 ҳазор видеоускуна гузошта шудаанд, – гуфт Ш. Раҳмонов. – Беш аз 2 ҳазори онҳоро ба маркази вазъиятии СКД вилоят васл карданд. Бояд гӯям, ки ҳар як ҷараён ё ки кор вақти маълум талаб мекунад. Дар масъалае, ки шумо гуфтед, ҳаракатҳои аввалин барои кор дар асоси шартҳои шарикии давлату хусусӣ оғоз гардиданд.
Ҳоло як нафар тадбиркор ҳолатҳои дар ҷойҳои муайяншудаи роҳ нагузош­тани автомобилҳоро бо видеоускуна қайд мекунад. Ин таҷриба дар оянда дар чорроҳа ва қисмҳои дигари роҳ низ ҷорӣ карда мешавад.
Таълими касбии шаҳрвандони бекор
Сардори сарсадорати шуғли вилоят И. Ҷабборов дар ахбори худ ба ин масъала эътибори алоҳида дод.
Дар ахбор қайд гардид, ки соли равон ба касб тайёр кардан, такмили ихтисос ва малакаи 4280 нафар шаҳрванд пешбинӣ шуда, то 30-юми ноябри соли равон ба 4034 нафар шаҳрванд касбҳое, ки ба онҳо дар бозори дохилӣ талаб калон аст, омӯхта шуданд. То охири сол боз 827 нафар бекор таълим дода мешавад.
Аз моҳи январи соли 2021 дар «Мактаби Темурбекҳо»-и назди Вазорати мудофиа аз рӯйи 16 касби бинокорӣ таълим додани 1800 нафар шаҳрванди бекори 18–30-сола ба нақша гирифта мешавад.
Намояндаи халқ Нарзиқул Холиқулов ба фароҳам овардани шароит дар ҷойҳое, ки коргарони рӯзбай ҷамъ мешаванд, мароқ зоҳир кард. Таъкид карданд, ки дар ин самт дар ноҳияи Тайлоқ то охири соли равон маскани замонавӣ фаъолияти худро оғоз мекунад.
Дар ин ҷо барои шахсоне, ки рӯзбай кор мекунанд, ошхона, хобгоҳ ва дигар шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. То моҳи марти соли оянда дар шаҳри Самарқанд низ чунин маскан барпо мекунанд.
Хизмати нақлиёт замонавӣ мешавад
Дар ин бора дар ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои инкишофи саноат, коммуникатсияҳо ва хоҷагии коммуналӣ А. Шукуров дар бораи корҳое, ки барои истифода ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, беҳдошти расондани хизмати нақлиёт ба аҳолӣ қайд карда шуд.
Таъкид гардид, ки қисми калони 12 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ таъмирталабанд. Дар соли равон барои таъмир ва тармими роҳҳо 400 миллиард сӯм сарф карда шуд. Дар соли оянда беш аз 1 триллион сӯм шудани ин нишондиҳанда пешбинӣ шудааст.
Баробари таъмири роҳҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёт ба аҳолӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
– Дар Самарқанд нишондиҳандаи таъминот ба автобус дар ҷумҳурият аз ҳама беҳтарин аст, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Вале он ҳамагӣ 31 фоизро ташкил мекунад. Бинобар ин, мо бар асоси хулосаҳои экспертҳои давлатҳои мутараққӣ чораҳои дар асоси талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонии нақлиётро мебинем.
Дар озмунҳои тендерие, ки дар ин самт гузаронда шуданд, фирмаи маъруфи Федератсияи Россия ғалаба кард. Бо ёрии онҳо аз самтҳои ҳаракат то ба сохтори кор аз нав ташкил карда мешавад.
Ин ҷо боз як маълумот меоварем. Ба роҳбари давлат роҷеъ ба додани литсензия барои расондани хизмати таксиҳои хусусӣ таклиф додем. Ба ин восита беш аз 40 ҳазор аҳолӣ худро бо шуғл таъмин мекунад.
Дар ҳифзи саломатии модарону бачаҳо тағйирот мешавад?
Дар сессия ҳисоботи сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилоят Д. Ҷумъаниёзов роҷеъ ба корҳое, ки барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, таъмини таваллуди бачаи солим амалӣ карда мешаванд, шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар даври гузаштаи соли равон фавти модарон 14,0 промеллеро ташкил карда, нисбати соли 2019 ба 10,4 промеллӣ кам шуд. Сарфи назар аз ин дар ноҳияҳои Булунғур 1-то, Пастдарғам 2-то, Нарпай 1-то, Тайлоқ 1-то фавт ба қайд гирифта шуд.
Д. Ҷумъаниёзов ба саволҳои намояндагони халқ посух дода, гуфт ки ҳоло дар шаҳри Самарқанд 11 шифохона (полик­линика) фаъолият дорад. Табиист, ки ин нисбат ба аҳолии имрӯзаи шаҳр кам аст. Дар соли 2021 дар шаҳр сохтани боз 5 шифохона ба нақша гирифта шудааст.
Бо пешниҳоди намояндаи халқ Н. Нурматова дар мактабҳо сохтани дастшӯякҳои замонавӣ муҳокима карда шуд. Бо ин мақсад дар ноҳияи Пайариқ дар як мактаб ба тариқи таҷриба чунин дастшӯяк сохта, сарфу хароҷоти онро муайян мекунанд. Бо ин роҳ миқдори маблағи барои мактабҳои вилоят зарурӣ муайян гардида, роҷеъ ба корҳои дигар дар ин самт пешниҳодҳои асоснок медиҳанд.
Инчунин, чораҳои аз назорати тиббӣ гузарондани хонандагони синфҳои болоии мактабҳо дида мешаванд.
Дар сессия масъалаи тасдиқ кардани нархҳои оби нӯшиданӣ ва хизматҳо барои оби партов баррасӣ гардиданд.
Мувофиқи пешниҳодҳои додашуда, нархи 1 метри мукааб оби нӯшиданӣ барои аҳолӣ 1850 сӯм, барои истеъмолчиёни буҷетӣ ва яклухт 3500 сӯм тасдиқ шуд.
Барои 1 метри мукааб оби партов аҳолӣ 1300 сӯм ва ташкилотҳои буҷетӣ 2800 сӯм пардохт мекунанд.
Бояд қайд кард, ки нархҳои тарифии мазкур аз рӯзи расман эълон кардани қарор эътиборан ба қувва медароянд.
Фаъолияти фермерӣ бисёрсоҳавӣ мешавад
Дар сессия тақдимоти раиси шӯъбаи вилоятии Шӯрои фермерон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигӣ А. Норқӯзиев дар бораи барномаи ташкил ва инкишофи хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳавӣ гузаронда шуд.
Мувофиқи он дар соли 2021 дар вилоятамон бар асоси барномаи бисёрсоҳавӣ 1325 хоҷагии фермерӣ аз рӯйи 20 самт фаъолияти бисёрсоҳавиро оғоз мекунанд ва 1359 лоиҳа амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, аз тарафи хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳавӣ амалӣ кардани лоиҳаҳо оиди дар 2338 гектар майдон барпо кардани боғҳои интенсивӣ, 2 ҳазору 783 гектар токзор ва 38,9 гектар гармхона, 15 корхонаи коркарди меваю сабзавот, шир ва маҳсулоти ширӣ, 4 корхонаи нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, дар 28 хоҷагии фермерӣ сохтани амборхонаҳои яхдондор ба нақша гирифта шудааст.
Баробари ҳамин, дар 132 хоҷагии фермерӣ амалӣ кардани лоиҳаҳо роҷеъ ба бурдоқипарварӣ ва паррандапарварӣ, дар 79 хоҷагии фермерӣ ба моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ, дар 57 хоҷагии фермерӣ гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ, дар 207 хоҷагии фермерӣ қулфинайпарварӣ ва дар 373 хоҷагии фермерӣ хизматҳои сервисӣ пешбинӣ шудааст.
Дар кори сессия инчунин, ҳисоботи ҷонишини якуми ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои молия-­иқтисод ва ихтисори камбағалӣ Ҷ. Ӯроқов дар бораи корҳое, ки барои аз қашшоқӣ баровардани оилаҳои камбағал, дастгирии ҳаматарафаи соҳаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои тадбиркорӣ амалӣ шудаанд ва ахбори ӯ дар бораи иҷрои пешбинишавандаи буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2020, таҳияи лоиҳаи пурраи даромаду хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ бо назардошти пешниҳодҳои дар муҳокимаи Шӯрои намояндагони халқи вилоят баёнкарда баррасӣ гардиданд.
Ҳисоботи мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои зан ва духтарон С. Ҷумъаева дар бораи ҳолати корҳое, ки баҳри пешгирии вайроншавии оилаҳо (ҷудошавии зану шӯ) дар вилоят амалӣ карда мешаванд, низ шунида шуд.
Вай инчунин, дар бораи «Дафтари занҳо» ва «Дафтари ҷавонон», чораҳое, ки барои ҳалли муаммоҳои шаҳрвандони ба ин дафтарҳо дохилгардида андешида мешаванд, ҳарф зад.
Ғайр аз ин, масъалаи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят баррасӣ гардид.
Дар сессия аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят қабул карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ