Бихон ҳар лаҳза «Овози Самарқанд»!

«Овози Самарқанд», ки моро дилу ҷон аст,
Ҳар ҷо, ҳама дам номи хушаш вирди забон аст.
Фарзанди накӯбахти куҳаншаҳри ҷавон аст,
Аз мо ба ҷавонони Самарқанд нишон аст.

Салим КЕНҶА.
Аҳсант ба нигорандаи ин сатрҳо, устоди гиромиқадр Салим Кенҷа! Чаро, ки «Овози Самарқанд» барҳақ «фарзанди накӯбахти Самарқанди куҳаншаҳру ҳамешаҷавон» буда, «ҳар ҷою ҳама дам номи хушаш вирди забонҳост». Аммо беистиҳола гуфта метавонем, ки ин рӯзномаи зебову ҷаззоб на танҳо ифтихори самарқандиён, он бешак дилу ҷони кулли тоҷикони ҷумҳурист. Накӯбахтии ин рӯзномаи ба дилҳо сурурбахшанда нахуст он ҷост, ки вай бо вуҷуди доштани на он қадар умри тӯлонӣ, туфайли дастгирии ҳокимияти вилояту роҳбарони оқилу доно, маслиҳату машваратҳои шахсиятҳои маъруфи Самарқанд, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон, хосса кулли ходимони рӯзнома ва ҳомиёни дастфарохи самарқандӣ тавонист дар муддати андак аз дунболи устоди нашрияҳои тоҷикии ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик» далерона гом зада, бо таъбири Салим Кенҷа «чун мурғи Ҳумо дар парвоз аст»:
«Овози Самарқанд», ки то авҷи само рафт,
Чун мурғи Ҳумо чор тараф қомуси мо рафт.
Бар сӯйи Бухорою Намангону Душанбе,
Не бо раҳи мумфарши замин, роҳи ҳаво рафт.
Аз ҷон чу бигирам ба каф «Овози Самарқанд»,
Болад дили ман боз зи парвози Самарқанд.

Ман хешро басо хушбахт меҳисобам, ки синнам бо вуҷуди бар синни мубораки Пайғамбари азизамон наздик шудан аз навис-­нависӣ дар канор нестам ва солҳост, ки ба «Овози Самарқанд» мукотибаву бо аҳли эҷоди он ғоибона шиносам. Ба аксари аҳли қалами рӯзнома сӯҳбатҳои телефонӣ дорам ва навиштаҳоям низ дар рӯзнома чоп мешаванд.
Ин ҷо гуфтаниям, ки фарзандам Вафодор (ҳини донишҷӯӣ) дар «Мактаби журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома таҳсил намуда, таҳти роҳбаладии рӯзноманигорони касбӣ чанд маводи вай дар рӯзнома чоп шудааст, ки ин боиси шиносоии ӯ бо шахсиятҳои маъруф Салим Кенҷа, Шукруллохон Вализода ва шодравон Абдукарим Ғанизода гашт. Зиёда аз ин, рӯзнома оиди оилаи мо маводеро низ таҳти унвони «Яке аз ҳазорон ошиқи Самарқанд» дарҷ намуд, ки мо аз ин басо сарфарозем.
Аз ин рӯ, ҳеҷ муболиғае нахоҳад шуд, агар гӯям, ки дастрас шудани ҳар як шумораи «Овози Самарқанд» боиси ба ҷӯш омадани торҳои нозуки қалби ҳассоси банда мегардад. Чаро, ки ҳама рукнҳои интихобшуда, хосса «Шифохонаи табиат», «Мадади Сино», «Мероси ниёгон», «Хотира муқаддас аст», инчунин очерку маводҳои хонданибоб, ки ба фикри ман ин танҳо хоси «Овози Самарқанд» аст, «Овози Самар­қанд»-е, ки ба тори дилҳои нозук нохун мезанаду шоҳинвор дар парвоз аст:
«Овози Самарқанд»-у дили бози Самарқанд,
Парвозӣ шуд ин шоҳини шаҳбози Самарқанд.
Ин мулки ниёгон ҳама дам вирди забон аст,
Бо тори дилам ҷӯш бувад сози Самарқанд.

Ҷояш омад бояд гӯям, ки азбаски ману модари бачаҳо ва фарзандонам Фирдавсу Вафодор, дастпарварони мактабҳои олии Самарқанд ҳастем, ин шаҳри азиз барои аҳли байти мо як умр хонаи умед ва азизу гиромист. Аз ин рӯ, қадру қимат ва маҳбубияти «Овози Самарқанд» дар хонадони мо беандоза аст, ки инро шеъри «Обуна бишав, эй дӯст, ба «Овози Самарқанд»-и устод Салим Кенҷаро пурра аз ёд донистани наберачаамон Ифтихор собит месозад:
Хоҳӣ, ки шавӣ пок ба монанди фаришта,
Кори ту ба ҳар ҷой шавад хубу саришта,
Обуна шуда бошӣ агар соли гузашта,
Обуна бишав боз ба «Овози Самарқанд».

Рости гап оиди Самарқанду самарқандиён ва «Овози Самарқанд» ҳар қадар гӯему нависем, боз кам аст, аммо навиштаҳои мукаммалтареро сари ин мавзӯъ ба сонитар вогузошта, ҳоло чун «қатрае аз баҳр» бахшида ба чоп шудани шумораи 3000-умини рӯзнома ин чанд сатри парешро рӯи коғаз овардам. Ва бо вуҷуди бедорхобию ҷустуҷӯйҳои зиёд баҳри шодбошии ин шумораи тиллоӣ аз мисраъҳои устоди азизамон Салим Кенҷа беҳтарашро наёфтам:
Зи шодӣ то саҳар имшаб нахуфтам,
Ба васфат меҳри дил бо шеър гуфтам.
Муборак ҷашнат «Овози Самарқанд»,
Ба рӯзи иди ту чун гул шукуфтам.

Дар охир таҳтидилонаю бо назари некбинона бояд арза дорам, ки бигзор то дунё боқист Самарқанд ҳам бошаду «Овози Самарқанд» ҳам! Он сон ки нонҳои лазизи Самарқанд зеби дастархони оламиён аст, бигузор «Овози Самарқанд» нуру зиёдиҳандаи ҷевони китобҳо, тахти маҷаллаву рӯзномаҳо ва мизҳои ашхоси бофарҳанг бошад!
Зиҳӣ, Самарқанд, зиҳӣ «Овози Самарқанд»!

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ,
омӯзгор ва рӯзноманигор, ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ