Ифодаи инсонпарварӣ ва фарохдилӣ


Солҳои охир дар соҳаи суду ҳуқуқи кишварамон дар асоси тамоилҳои инсонпарварӣ ислоҳоти зиёд амалӣ мегарданд.
Бахшидани гуноҳ, бомеҳру муравват будан одати азалии халқи мост. Барои дар ҳаёти ояндаашон имконияти калон додан ба гурӯҳи шахсоне, ки хато карда ба роҳи нодуруст даромадаанд, аз кардаи худ сидқан пушаймон шуда, оқибати ҷиноятро фаҳмида гирифтаанд, давоми ҳамин ислоҳот ба шумор меравад.
Бахусус, дар шароити пандемия ба инсонҳо ёрӣ расондан яке аз хислатҳои хоси халқамон мебошад.
Дар асоси Фармони сарвари давлатамон таҳти рақами ФП-6125 аз 4-уми декабри соли 2020 « Дар бораи авфи гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро ба тарзи маҳрумӣ аз озодӣ адо менамоянд, аз кирдорашон аз таҳти дил пушаймон гардида, ба роҳи ислоҳ қатъан ворид гаштаанд», як гурӯҳ маҳкумоне, ки ҷазояшонро дар ҷойҳои гузаштани ҷазо мегиранд, авф карда шуда, аз ҷазо озод гардиданд. Дар вилояти Самарқанд ҳам ин кори хайр идома ёфт. Дар муассисаҳои гузаштани ҷазо дар вилоят 8 нафар шаҳрванде, ки барои содир намудани ҷиноят муддати ҷазоро адо мекунанд ва аз кирдорашон аз таҳти дил пушаймон гардида, ба роҳи ислоҳ қатъан ворид гаштаанд, авф эълон гардида, 5 нафарашон аз ҷазо озод карда шуданд. Муддати ҷазои 3 нафарашонро кӯтоҳ карданд.
К. Маннонов, ки 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардидааст, дар асоси Фармони Президент 1 сол пеш аз муддат озод карда шуда, ба оғӯши оила ва 2 нафар фарзанди ба воя нарасидааш баргашт.
А. Ҷакбаров ҳам, ки дар 23-солагиаш ҷиноят содир карда, 4 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд, 2 солу 4 моҳ пеш аз муддат озод карда шуд.
Имрӯз онҳо дар асоси ҳамин Фармон пеш аз мӯҳлати ҷазои гирифтаашон озод гардида, ё ки ба ҷазои сабуктар иваз карда шуда, ба назди оилаашон баргаштанд. Ин бошад, на танҳо ба шахсони аз ҷазо озодгардида, балки оила ва фарзандонашон ҳам хурсандӣ бахшид.
Ғолиб АБДУРАҲМОНОВ, сардори шӯъбаи прокуратураи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ