Моргенштерн дар Самарқанд

Рэпери машҳури русиягӣ Моргенштерн (Алишер Валеев) бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад.
Сароянда дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кӯтоҳеро аз Самарқанд нашр кард. Ин ҷо Моргенштернро бо ғизои миллӣ — оши палав меҳмондорӣ карданд.
Дар баробари ин дар саҳифаи сароянда як акси дигар аз назди мақбараи Амир Темур нашр шудааст.
Ёдрас мешавем, ки рэпер барои супоридани ҷоиза ба мухлисе, ки дар озмуни ӯ ғолиб омадааст, ба Ӯзбекистон сафар кард. Тӯҳфа Mercedes-Benz E200 буд.
Барои пардохти боҷи гумрукии мошин, Моргенштерн 2 миллион рубл сарф кард.
Аксҳо аз маросими тақдими тӯҳфа дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ пайдо шуданд. Чорабинӣ сокинони маҳаллиро, ки барои дидани рэпер омада буданду аз бурди Mercedes-Benz -и сафед шодмонӣ мекарданд, бетараф нагузошт.
Хотиррасон мекунем, ки Моргенштерн моҳи октябр дар пахши мустақим дар саҳифаи Инстаграми худ ҳамин мошини хориҷиро ба бозӣ гузошта буд. Рэпер ҳатто сурудеро ба ин худрав бахшидааст, ки навораш дар Youtube беш аз 88 миллион бинанда дорад.

Абдумудассир Ахмадзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ