Қатли як журналисти дигар дар Афғонистон

Давоми ҳамагӣ як моҳи ахир дар Афғонистон дасти кам 3 рӯзноманигор ҳадафи тири ҷангиён қарор гирифтанд.

Рӯзи 10-уми декабр дар Ҷалолобод боз як рӯзноманигор ба таври бераҳмона кушта шуд, хабар медиҳад Tolo News.

Ба иттилои манбаъ, Малолай Майванд сухангӯи шабакаи хусусии радио ва телевизиони ин вилоят дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Ҷалолобод кушта шуд.

Оятулло Хугиёнӣ дар робита ба куштори Майванд мегӯяд, ӯро ҳамроҳи ронандааш ба аснои сӯи дафтари корияш ҳаракат кардан, ҳадафи тир қарор доданд.

Ба гуфта ӯ ҳодисаи нохуш субҳи рӯзи 10-уми декабр, тақрибан соати 7:10 дар минтақаи «Гулоии Арабон» — и ноҳияи сеюми Ҷалолобод рух додааст.

Феълан, ҳеҷ гурӯҳе масъулияти қатли бераҳмонаи Майванд ва ронандаашро ба ӯҳда нагирифтааст.

Бояд қайд намуд, ки дар як моҳи ахир Афғонистон сеюмин рӯзноманигорашро ба хок месупорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ