Ҳукумати Британия пеш аз анҷоми “Brexit” ба фурӯшгоҳҳо тавсия дод, ки маҳсулот захира кунанд


Ҳукумати Британияи Кабир фурӯшгоҳҳои бузурги кишварро огоҳ кард, ки эҳтимоли норасоии маҳсулот ва дору вуҷуд дорад. Ба ин далел, ҳукумат тавсия дод, ки фурӯшгоҳҳо захирасозӣ кунанд. Ҳукумати Британияи Кабир метарсад, ки бе муомила тарк кардани Иттиҳоди Аврупо боиси “васваса”-и хариди дору ва маҳсулоти зарурӣ хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзномаи Sunday Times хабар дод.
Аз ҷумла, ҳукумат ба мағозаву фурӯшгоҳҳо талаб гузоштааст, ки захираи шашҳафтаӣ созанд ва шароити нигоҳдории онҳоро таъмин кунанд. Пеш аз ҳама захирасозии ваксина ва асбоби тиббӣ тавсия шудааст.
Ба зудӣ Борис Ҷонсон, сарвазири Британия бо Урсула фон дер Ляйен, раиси Коммисияи Аврупо вазъияти музокираҳоро баррасӣ мекунанд ва дар бобати идома додан, ё надодани онҳо ба сари қароре меоянд.
Британияи Кабир соли 2021 Иттиҳоди Аврупоро комилан тарк мекунад. Аз ин рӯ, тарафҳо бояд то охири сол масъалаҳои ҳамкории оянда дар ҷанбаҳои гуногунро ҳал кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ