Баъди ҳамлаи ҷангҷӯён ба мактаб дар Нигерия садҳо донишомӯз гум шуданд


Шахсони номаълум ба як мактаб-интернати писаронаи шаҳри Канкараи Нигерия ҳамла карданд. Баъди ин ҳамла беш аз 200 нафар донишомӯз бе ному нишон гум шуданд.
Бино ба хабари Reuters, ҷангҷӯён ҳангоме, ки донишомӯзони мактаб хоб буданд, вориди бино шуданд.
Вақте, ки кормандони амниятии мактаб бо ҷангҷӯён мубориза мебурданд, донишомӯзон роҳи гурезро пеш гирифтанд. Аммо бисёре аз онҳоро ҷангҷӯён дуздиданд.
Гуфта мешавад, ки низомиёни Нигерия ин ҷангҷӯёнро таъқиб карданд ва дар ҷангалзоре онҳоро пайдо карданд. Онҳо муваффақ шуданд тақрибан 200 нафар донишомӯзро наҷот диҳанд. Аммо беш аз 200 нафар донишомӯз то ҳол бе ному нишонанд.
Дар мактаб ҳамагӣ 884 нафар таҳсил мегирифтанд. Нерӯҳои мусаллаҳ ва падару модарон ҷустуҷӯи гумшудагонро оғоз кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ