Путин ба ҳукумат як ҳафта муҳлат дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳукумати кишварро вобаста ба вазъи болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум сахт сарзаниш кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Даромади воқеъии мардум поин рафт. Даромад ба 4,3 дарсад поин омад, вале қимати шакар 71 дарсад боло рафт. Мардум барои хариди ниёзи аввала пул надоранд ва ба ҳамин далел кам масраф мекунанд. Шумо ба куҷо нигоҳ доред”, — гуфт раисҷумҳури Русия.

Навори маҷлиси ҳукумат рӯзи 13-уми декабр тариқи барномаи телевизионии “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи “Русия 12” нашр шуд.

Роҳбари Русия ба ҳукумат дастур дод, ки масъалаи болоравии нархҳоро дар мағозаҳо баррасӣ намоянд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал кунанд.

“Ҳамаи паҳлуҳои ин мавзӯъ то фардо бояд комилан ҳалли худро пайдо намоянд”, — илова кард Путин.

Ба гуфтаи вай, болоравии нарх ба вазъи иқтисоди рабт дорад на ба пандемия ва сатҳи истеҳсолот ва ҳукумат бояд саривақт ба ҳолатҳо аҳамият диҳад.

Чанд ҳафтаи пеш нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни ҷаласаи ҳукумати Русия ба вузарои дахлдор супориш дод, ки барои поин рафтани нархҳои маводи ғизоии муҳим дар кишвар чораҳои судманд андешанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ