Боз як кишвари дигар робитаҳои худро бо Исроил барқарор кард


Бутан ва Исроил робитаҳои дипломатикро барқарор карданд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Исроил хабар дод.
Бино ба ин хабар, дар миёни Бутан ва Исроил дар бораи робитаҳои бисёрҷонибаи дипломатикӣ созишнома имзо кардаанд.
Бенямин Нетанёҳу, сарвазири Исроил дар сафҳаи худ дар Твиттер бо мамнунӣ аз ин ҳодисаи дипломатикӣ истиқбол кард.
Ӯ гуфт, “Созишнома як меваи шартномаҳои сулҳу оштӣ аст”.
Ба гуфтаи ӯ, Исроил омода аст, бо дигар кишварҳое, ки мақсади наздик шудан бо кишварашро доранд, робитаҳои мустаҳкамро ба роҳ андозад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА дар бораи барқарор шудани робитаҳои дипломатикии Исроил бо Марокаш эълон карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ