Вазъи нохуби коронавирус дар Эрон

Дар Эрон шабонарӯзи гузашта боз 7 ҳазор мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар 24 соати ахир 247 нафар ҷон аз даст доданд. Ҳамин тариқ шумораи умумии қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 52 196 нафар баробар шудааст.

Симо Содот Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори беморони COVID — 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, «бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 451 бемори нав пайдо шуд, ки аз ин теъдод 833 нафар бистарӣ ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёз ироа шуд».

Манбаъ меафзояд, то кунан дар Эрон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 108 269 нафар расидааст, ки 812 270 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 72 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 1 миллиону 610 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 51 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ