Шавкат Мирзиёев: “То обрӯи омӯзгорро набардорем, ба мақсадҳои худ намерасем”


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон рӯзҳои 12-13 декабр сафари корӣ ба Хоразмро анҷом дод. Дар поёни ин сафар дар шаҳри Урганч бо иштироки раисҷумҳур маҷлис барпо шуд.
Дар маҷлис чандин масъала, аз ҷумла рушди соҳаи таълим низ баррасӣ гардид.
Мирзиёев дар маҷлис гуфт, “Мо гуфтем, ки пойдевори ренесансро мегузорем. Бузургони мо, Хоразмӣ, Огаҳӣ чӣ гуфтаанд? Огаҳӣ гуфта буд, ки илм набошад фардо низ нахоҳад буд. Ӯ ин суханро айнан ба мардуми Хоразм гуфта буд.
Ӯзбекистони нав аз мактаб оғоз мешавад. Мо бояд вазъияти мактаб ва таълими томактабиро беҳ кунем. Фарқ дар миёни муаллими замони таҳсили ва имрӯз аз замин то осмон аст. То обрӯи омӯзгорро набардорем, ба мақсади худ нахоҳем расид.
Шумори донишгоҳҳоро ба 125-то расондем. Дохилшавӣ ба донишгоҳ 9 дарсад буд, онро ба 25 дарсад баровардем. Мақсади мо ба 50-60 дарсад расондан аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ