Сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Ургут

Дар Ургут сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар сессия аъзои Сенат, намояндагони шӯроҳои минтақавӣ ва ноҳиявӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо ширкат варзиданд. Ҳокими ноҳия Ботир Ҷабборов дар бораи корҳо дар соли 2020 ва афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2021 дар назди мардум баромад кард.
Ҳоким хабар медиҳад, ки истеҳсоли саноатӣ дар Ургут дар давраи пандемия ба таври назаррас кам шудааст. Дар аввали пандемия 196 корхона боздошта шуда, 385 тои онҳо бо 25 фоиз ва 318 то корхона бо 50 фоиз қувват кор карданро шурӯъ кардаанд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар 9 моҳи охири соли равон ба 14 фоиз кам шудааст.

  • Мо инчунин дар соҳаи таҳсилоти миёнаи умумӣ камбудиҳо дорем, — гуфт ҳокими ноҳия Ботир Ҷабборов. — Имрӯз дар ноҳияи Ургут 11 мактаби миёна ба биноҳои иловагӣ, 35 мактаби миёна ба девори гирди мактаб, 40 мактаб ба толори варзишӣ ва 10 мактаб ба таъмир ниёз дорад. Дар аксар мактабҳо системаи гармидиҳӣ хуб кор намекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ