Ӯзбекистон аз рӯи шумори бонувон дар порлумон 37-умин давлати ҷаҳон аст


Нахустин бор дар таърихи Ӯзбекистон шумори бонувон дар порлумон ҷавобгӯи тавсияҳои Созмони милали муттаҳид шуд.
Бино ба хабари Кун.уз, рӯзи 14 декабр дар шаҳри Тошканд нахустин форуми “Нақшаи бонувони порлумонӣ дар рушди Ӯзбекистон” барпо гардид.
Дар форум аъзои Сенат ва намояндагони Маҷлиси қонунгузорӣ, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Ҳоло дар Маҷлиси қонунгузорӣ шумори бонувон 48 нафар буда, ин 32 дарсади шумори умумии намояндагон аст. Ҳамчунин, 25 дарсади аъзои Сенат бонувон мебошанд.
Ӯзбекистон ҳоло аз рӯи шумори бонувон дар порлумон дар миёни 190 кишвари ҷаҳон 37-умин давлат аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ