Шабакаи нави телевизионӣ барои кӯдакон фаъолияти худро оғоз мекунад


Дар Ӯзбекистон шабакаи нави телевизионӣ барои бачаҳо бо номи “Ақлвой” таъсис меёбад. Ин дар қарори нави ҳукумат – “Дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии махсуси тафреҳӣ ва маърифӣ” омадааст.
Бар асоси ин қарор, мақсади асосӣ ва фаъолияти шабакаи телевизионии “Ақлвой” бо роҳи содаву шавқовар тақдим кардани маълумот ба кӯдакон ва боло бурдани сатҳи дониши онҳо ва ташвиқ ба илмомӯзӣ аст.
Таъмини молиявии шабакаи телевизионӣ бар ӯҳдаи худи он аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ