Чӣ гуна дигаргуниҳо ба Сарқонун ворид мешавад?


Дар даҳумин маҷлиси умумии Сенати порлумони Ӯзбекистон, ки рӯзи 18 декабр баргузор мешавад, масъалаи ворид кардани дигаргуниҳо ба Сарқонун низ баррасӣ хоҳад шуд.
Албатта, ҷомеаи мехоҳад аз дигаргуниҳои ояндаи эҳтимолии Сарқонун хабардор бошад.
Расул Кушербоев, намояндаи Маҷлиси қонунгузорӣ дар бораи ин дигаргуниҳо маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз ҳама фармони раисҷумҳур – “Дар бораи чораву тадбирҳои такмили фаъолияти судҳо ва афзоиши самарбахшии суди одилона” асоси ин дигаргуниҳо аст.
Бар асоси ин фармон, аз 1 январи соли 2021:

  1. Дар вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ҷумҳурии Қорақалпоқистон судҳои умумӣ ташкил мешаванд, ки онҳо салоҳияти баррасии ҳамагуна масъалаҳоро хоҳанд дошт. Дар зимн, вобаста ба судҳои парвандаҳои шаҳрвандӣ ҷиноӣ ва судҳои иқтисодӣ гурӯҳҳои алоҳидаи мурофиа таъсис мешаванд. Аммо ихтисоси қатъии судяҳо дар онҳо боқӣ мемонад.
  2. Судҳои маъмурии вилоятӣ, шаҳри Тошканд ва ҷумҳурии Қорақалпоқистон, ки ихтисоси баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии умумиро доранд, таъсис меёбанд ва фаъолияти судҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо қатъ мегарданд. Аммо судҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ҷумҳурии Қорақалпоқистон фаъолияти худро идома медиҳанд.
    Бар асоси фармон, аз 1 январи соли 2021 бо назардошти тағйироти ташкиливу сохтории суд ислоҳи моддаи 107-и Сарқонун ба ин шакл пешниҳод мешавад:
    “Системаи суди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Суди сарқонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, судҳои низомӣ, Суди ҷумҳурии Қорақалпоқистон, вилоятҳо ва суди шаҳри Тошканд, судҳои маъмурии ҷумҳурии Қорақалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, судҳои корҳои шаҳрвандии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), судҳои ҷиноии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), судҳои иқтисодӣ ва судҳои маъмурии ноҳиявӣ иборат аст”.
    Кушербоев афзуд, “Мақсад аз ин дигаргуниҳо пешгирии давутози шаҳрвандон аз як суд ба суди дигар ва ҳал кардани муаммои онҳо дар як ҷост, ҳамчунин такмили идораи системаи суд ва беҳтар кардани шароити онҳо мебошад”.
    Ӯ гуфт, дар қонунгузории миллии мо истилоҳҳои русии “законодательство” ва “акты законодательства” ба забони ӯзбекӣ “қонун ҳужжатлари” (ҳуҷҷатҳои қонун), “закон” ва “законодательный акт” – “қонун” тарҷума шудааст.
    Мафҳуми “қонунчилик”, ки дар чорчӯби базаи меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ истифода мегардад, дар қонунҳо ба кор бурда нашудааст.
    Ба ҳамин далел, ислоҳи қонуни “Дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” ва истифодаи дурусти истилоҳҳо ба ин гуна – “законодательство — қонунчилик”, ”, “акт законодательства – қонунчилик ҳужжати” “законодательный акт – қонун ҳужжати” пешниҳод гардид.
    Ба ин муносибат, ислоҳ кардани қисми 2-и моддаи 7, моддаи 33, банди 8- қисми 4-и моддаи 85, банди 8-и қисми 5-и моддаи 86, банди 16-и қисми 1-и моддаи 93, қисми 3-и моддаи 98, сархати 8-и моддаи 100 ва қисми8-и моддаи 117 пешниҳод мешавад.
    Кушербоев таъкид кард, “Дар ҳар сурат умед дорем, ки ин дигаргуниҳо танҳо ва танҳо барои фоидаи шаҳрвандон хидмат хоҳад кард”.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ