Шумори мубталоёни коронавирус дар Бразилия наздик ба 7 миллион нафар шуд


Шабонарӯзи гузашта дар Бразилия 21 825 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Бо ин ҳол, шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 6 901 952 нафар расид. Дар ин бора вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод.
Ҳамчунин рӯзи гузашта 279 нафар бемори COVID-19 дар Бразилия даргузашт. Шумори умумии қурбониёни вирус дар Бразилия ҳоло 181 402 нафар аст.
Ёдовар мешавем, созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 14 декабр эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон 574 969 нафар мубталои коронавирус сабт шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ