Имрӯз шоир, рӯзноманигор, санъатшинос, тарҷумон устод Ҳазрат Сабоҳӣ зодрӯз доранд

Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар гузари Чорраҳаи ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Шӯъбаи журналистии факултети филилогияи УДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1971). Ходими адабӣ, мудири шӯъбаи адабиёт ва санъат, котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон»; 1971-1976). Пас аз хатми аспирантура (1979) ходими хурд ва калони илмӣ (1979-1983), ходими пешбари илмӣ (1987-1994), мудири шуъбаи таърихи санъат дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1984-1997). Тарҷумон дар гурӯҳи мушовирони вазорату муассисаҳои давлатии Афғонистон (1983-1987). Котиби масъули рӯзномаи “Овози Самарқанд” (1997-2000), тарҷумони Созмони садо ва симои Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон (2000 -2011). Аз с. 2011 – муҳаррир ва мутарҷими Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳоло дар Самарқанд кору зиндагӣ дорад. Ҳамсари ӯ рӯзноманигор ва шоира Маҳбуба Неъматзода аст.

Эҷодиёт

Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизации» (1987; соли 1988) сазовори Ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардидааст), «Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ» (Самарқанд, 1998), «Симоҳои ҷовид» (2003), китобчаҳои ҳикоёти таърихӣ барои бачаҳо ва яке аз мураттибони «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) мебошад. Ашъори Хубии Самарқандиро таҳти унвони «Авроқи носӯхта» (Самарқанд, 1997; дар алифбои кириллӣ ва форсӣ), мунтахаботи Вофии Самарқандиро бо номи «Армуғон» (Самарқанд, 1999; ба хатти кириллӣ ва форсӣ), ҳамчунин, девони ашъори Орифи Гулханӣ (Самарқанд, 2000)-ро бо пешгуфтори муфассалу тавзеҳот тадвин ва чоп кардааст. Барои донишомӯзони синфҳои 4-уми мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон китоби хонише таҳия намудааст, ки дар бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) аз соли 2003 то имрӯз ба табъ мерасад. Бештар аз 100 мақолаи илмӣ, тақриз ва навиштаҳои дигари Ҳазрат Сабоҳӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Украина ва Литва чоп шудаанд. Як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардондааст. Дар сайтҳои «Сентр-Азия» (Русия) ва «Бозтоб» (Эрон) 12 мақолаи ҷавобияи вай ба таҳрифкунандагони таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик эълом шудааст.

Намунаи осор

•Таҷассуми кинематографии осори С. Айнӣ — Душанбе: «Ирфон», 1979,
•Грани экранизатсии — Душанбе: Дониш, 1987,
•“Шоҳнома” дар осори ҳунар – Самарқанд: «Суғдиён», 1997,
•Симоҳои ҷовид — Душанбе: «Адиб», 2002,
•Зардушти Спитамон. — Душанбе: «Адиб», 2009,
•Спитамони Суғдӣ. — Душанбе: «Адиб», 2009,
•Хуршеди Корзанҷӣ. — Душанбе: «Адиб», 2009,
•Деваштич. — Душанбе: «Адиб», 2009,
•Ғӯрак. — Душанбе: «Адиб», 2009,
•Муқаннаъ. — Душанбе: «Адиб», 2010,
•Тоҳири Фушанҷӣ. — Душанбе: «Адиб», 2010,
•Яъқуби Лайс. — Душанбе: «Адиб», 2010,
МУРАТТИБИ ДЕВОНИ
•Хубии Самарқандӣ “Авроқи носӯхта” – Самарқанд:«Суғдиён», 1997,
•Вофсии Самарқандӣ “Армуғон” — Самарқанд:«Суғдиён», 1999 ва диг.

Яке аз тартибдиҳандагони Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. — Душанбе: ЭМТ, 2004.
Ашъораш дар маҷмӯаи “Аз Самарқанди чу қанд” — Теҳрон, 2006 чоп шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ