Гурӯҳи террористии “Боко ҳарам” дар Нигер даҳҳо нафарро қатл кард ва 800 хонаро оташ зад


Террористон ба деҳаи Тумури вилояти Диффаи Нигер ҳамла кард. Дар ин ҳамла террористон 28 нафар аз аҳолиро кушт ва ба 800 хона оташ зад.
Бино ба хабари Reuters, дар ин ҳодиса тақрибан 100 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳокими вилоят Исса Лемина гуфт, ки ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Боко ҳарам” анҷом додааст.
Бар асоси хабари Agence France-Presse, ҷангҷӯёни “Боко ҳарам” дар як видео масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳдаи худ гирифтанд ва онро дар интернет мунташир карданд.
Ҳукумати Нигер дар кишвар мотами серӯза эълон кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ