Дар шаҳри Самарқанд 5 маҳаллаи нав таъсис меёбад


Дар 18-умин сессияи шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд масъалаи таъсис додани 5 маҳаллаи нав дар шаҳр баррасӣ шуд.
Бо қарори намояндагон, маҳаллаи Дукчиён ба маҳаллаҳои Дукчиён ва Хӯҷа Ғулом, маҳаллаи Хӯҷақишлоқ ба маҳаллаҳои Хӯҷақишлоқ ва Азизон, маҳаллаи Сайҳун ба маҳаллаҳо Сайҳун ва Чармгарӣ, маҳаллаи Обод Маскан ба маҳаллаҳои Обод Маскан, Қорасув ва Баҳодир Ялангтӯш тақсим шуд.
Бо ин 5 маҳаллаи нав шумори умумии маҳаллаҳои шаҳри Самарқанд ба 215-то расид.
Ҳамчунин, дар сессия ба маҳаллаи “Устозлар” номи нави “Чақар” дода шуд.
Намояндагон дар сессия дигар масъалаҳои муҳимми шаҳрро низ баррасӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ