Донишҷӯён аз 28 декабр ба таътили зимистонӣ мераванд


Донишҷӯёни Ӯзбекистон аз 28 декабр таътили зимистониро оғоз мекунанд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати таълими олӣ ва махсуси миёна хабар дод.
Дар ин хабар чунин гуфта мешавад, “Барои донишҷӯёни донишгоҳҳо, донишомӯзони литсей ва мактабҳои касбу ҳунар аз 28 декабри соли 2020 то 10 январ таътил таъин шуд”.
11 январи соли 2021 рӯзи якуми таҳсил баъди таътил аст.
Вазорати таълими халқ низ чанде пеш таътили мактабҳоро эълон карда буд. Таътили зимистонӣ барои донишомӯзони синфҳои поёнӣ аз 25 декабр, барои синфҳои болоӣ аз 26 декабр оғоз мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ