INTЕRNET: таърихи пайдоиш ва марҳилаҳои рушди он

Интернет таърифҳои зиёд ва гуногун дорад. Масалан, ба фикри мураттибони энсиклопедияи «Кирилл ва Мефодий» Интернет (калимаи англисии «Internet» аз калимаи лотинии inter ва англисии net, шабака ва ё анкабут гирифта шудааст) шабакаи байналмилалӣ ва ё ҷаҳонии компютерии алоқаи электронӣ буда, шабакаҳои минтақавӣ, маҳаллӣ, миллӣ ва ғайраро ба ҳам мепайвандад. Интернет барои афзоиш ва беҳтар гаштани табодули иттилоот, пеш аз ҳама иттилооти илмиву техникӣ мусоидат мекунад. Он беш аз 50 миллион истифодабарандагони инфиродӣ ва дастаҷамъиро, ки ҳар кадом почтаи электронии худро доранд, муттаҳид мекунад.
Винтон Серф, президенти Иттиходияҳои интернетӣ таърифи мухтасари онро чунин медиҳад: «Интернет системаи ҷаҳонии шабакаҳоест, ки тавассути протоколҳои TCP/IP ва дигари коммуникатсия бо ҳам пайвастанд.
Аммо Шўрои федералии шабакаҳо (FNC) мафҳуми Интернетро чунин муайян мекунад: «Интернет шабакаи ҷаҳонии иттилоотиест, ки:
мантиқан бо нишонҳои нодири ҷаҳонӣ бо ҳам пайваст буда, он дар заминаи Интернет-­протокол (IP) ва ё дар заминаи васеъшавии минбаъдаи қабулкунандаҳо ба роҳ монда шудааст. Он дар заминаи ҷамъиятӣ ва хусусӣ хизматрасонии бисёрсатҳаро таъмин мекунад.
Заминаи Интернет дар охири солҳои 60-уми қарни гузашта бо супориши Вазорати мудофиаи ИМА гузошта шуд. Зодрўзи шабакаи Интернетро метавон 2-юми январи соли 1969 ҳисоб кард. Дар ин рўз Оҷонсии таҳқиқотҳо барои ояндаи (перспективӣ) Вазорати мудофиаи Амрико (US Defence Departament Research Project Agency-­ARPA) татбиқи лоиҳаи алоқаи компютерии созмонҳои мудофиавиро оғоз кард. Дар натиҷаи иҷрои ин нақша шабакаи ARPANET таъсис ёфт.
Бо сохтани ин шабака чанд ҳадаф таъқиб мешуд. Аммо мақсади аслӣ ба миён овардани шабакае буд, ки ба як қисми вайрониҳое, ки дар натиҷаи ҷанг ба амал меомаданд, аз ҷумла ҷанги ядроӣ нигоҳ накарда, бояд боқӣ мемонд ва фаъолият мекард. То ин вақт алоқа дар шабака боэътимод набуд, зеро ҳар як сегменти он эҳтимоли ё вайрон шудан ва ё зарар дидан доштанд. Бинобар ин мақсад гузошта шуд, ки дар шабака алоқа дар миёни компютерҳои зарарнадида таъмин шавад.
Марҳилаи баъдии рушди Интернетро метавон ба таъсиси шабакаи Бунёди илмии ИМА (NSF) мутаалиқ донист. Ин шабака NSFNET ном гирифт ва он марказҳои илмии Амрикоро муттаҳид кард. Кор дар ин шабакаи нав дар заминаи 5 суперкомпютер ба роҳ монда шуд. Ин компютерхо миёни ҳамдигар бо хатҳои алоқаи баландсуръат пайваст буданд. Шабакаи NSFNET ба зудӣ ҷои ARPANET‑ро, ки соли 1990 пурра барҳам хўрд, гирифт.
Афзоиши босуръати истифодабарандагони шабака тақозо мекард, ки он ба таври доимӣ аз лиҳози сохторӣ тағйир дода шавад. Бинобар ин соли 1987 NSFNET backbon, ки қисми базавӣ ва ё сутунмўҳраи шабака буд, таъсис ёфт. Сутунмўҳра аз 13 шабака иборат буд, ки онҳо миёни ҳам бо хатҳои баландсуръат пайваст шуда буданд. Ин марказҳо дар қисматҳои гуногуни Амрико воқеъ буданд. Ҳамзамон шабакаҳои миллӣ дар дигар кишварҳо низ таъсис ёфтанд. Шабакаҳои компютерии давлатҳои гуногун бо ҳам муттаҳид шуданд ва дар солҳои 90-уми асри XX шабакаи Интернет дар шакли имрўзии худ ташаккул ёфт.
Аммо аз муҳимтарин ҳодисаҳо дар таърихи Интернет тарҳрезии ба истилоҳ тори анкабути ҷаҳонӣ – World Wide Web (WWW) мебошад. Таърихи WWW аз моҳи марти соли 1989, аз замоне ки Tim Bernes Lee бо лоиҳаи муҳити телекоммуникатсионӣ ва ё баргузор кардани таҳқиқоти муштарак дар соҳаи физикаи энергияҳои баланд баромад кард, шурўъ мешавад. Дар соли 1991 Лабораторияи физикаи амалии Аврупо (CERN) дар бораи таъсиси фазои нави иттилооти глобалии WWW ба тамоми ҷаҳон эълон пахш намуд. Фазо чунин моҳият дошт: санаде, ки тавассути он дастрасӣ ба Интернет сурат мегирад, то андозае бо ёрии забони гипертекстӣ коллаббандӣ (формат) мешавад. Иттилоот дар шабака метавонад тавассути ба истилоҳ локатори универсалии захираҳо пайдо карда шавад ва бо ёрии барномаи брокгаузер инъикос гардад. Яке аз барномаҳои муваффақ барномаи Mozaic буд. Пайдо шудани WWW ва барнома-­брокгаузер имкон дод, ки дар шабакаҳо на танҳо барномасозҳо кор кунанд, балки онҳое низ, ки танҳо маълумоти ибтидоӣ роҷеъ ба кор бо Windows доранд, онро ба хубӣ сарфаҳм раванд ва аз он истифода намоянд.
Ҳоло Интернет ҳазорҳо шабакаҳои гуногунро, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, муттаҳид мекунад.

Таҳияи Ш.КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ