Силсилаи шеърҳои Эркин Воҳидов таҳти номи «Қасидаи инсон» ба забони тоҷикӣ чоп гардид

Силсилаи шеърҳои Шоири мардумии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов таҳти номи «Қасидаи инсон» аз тариқи нашриёти «Тафаккур» ба забони тоҷикӣ рӯйи чопро дид.
Дар чорабинии онлайни «UN75», ки ба муносибати 75- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда буд, ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, туркӣ, арабӣ, русӣ ва итолиёӣ садо додани «Қасидаи инсон»-и Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоир Эркин Воҳидов дили моро аз ғуруру ифтихор лабрез месозад.
Бисёр шеърҳои шоири нотакрор ба забони халқҳои ҳамтақдиру ҳамтаърих тарҷума шудаанд. Қисмате аз онҳо ба мулки маънавии онҳое, ки тоҷикӣ ҳарф мезананд, табдил ёфтааст. Шеърҳои ба суруд табдилёфтаи шоирро тоҷикон ва тоҷикзабонон низ бо камоли майл мешунаванд.
Биноан, маҷмӯаи «Қасидаи инсон», ки шеъру ғазалҳои Эркин Воҳидовро дар бар мегирад, барои алоқамандони шеър дастовези хубест.
Шеърҳои маҷмӯа аз ҷониби шоири зуллисонайн ва тарҷумони моҳир Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба забони тоҷикӣ баргардонда шудааст.
Маҷмӯа бо маблағи грантии Бунёди дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз ҷониби Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах ба чоп омода карда шудаанд.
Дар маҷмӯае, ки бо шеъри «Қасидаи инсон» шурӯъ мешавад, беш аз сӣ шеъри шоир, мисли «Ӯзбекам», «Хонаат обод бо дӯст», «Ду тори дуторам», «Ба дӯстони тоҷик» (дар ситоиши инсонигарӣ, дӯстӣ ва муҳаббат) ҷой гирфтаанд.
— Ният дорем, ки китобро ба мактабҳои тоҷикӣ ва китобхонаҳо ройгон тақсим кунем, — мегӯяд роҳбари Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов. — Шеърҳои Эркин Воҳидов натанҳо рангҳои ҷолиби бадеӣ доранд, балки бо ғояҳои умумиинсониашон ба дили инсонҳо наздиканд. Умед аст, ки маҷмӯаи «Қасидаи инсон» ба маънавияти ҷавонон меафзояд.
Дар Маркази миллӣ-маданӣ бахшида ба тарғиботи дӯстии байни миллатҳо боз як кори савоб анҷом дода шуд. Дар нашриёти «Тӯрон нашр» аз ҷониби марказ китоби илмию оммавие таҳти номи «Фориш: одамон ва урфу одатҳо» барои чоп омода карда шудааст. Китоб урфу одат, анъанаҳои муштараки халқҳои тоҷику ӯзбек, мақолаҳои илмию оммавӣ ва маълумотҳои гуногунро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси марказ ҷашнвораҳои байналмилалии дӯстӣ, намоишгоҳҳои миллӣ, вохӯриҳо бо намояндагони адабиёту ҳунар ва дигар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ муттасил баргузор мешаванд.

Тошқул БЕКНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ