Рӯзи 16-уми декабр

Рӯзи шонздаҳуми декабр дар Баҳрайн — Иди миллӣ буда дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол ва дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба мебошад

Рӯзи 16-уми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1899 клуби футболи «Милан» таъсис ёфт.
Соли 1958 кишварҳои Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва «шаҳри озод» эълон кардани он рад намуданд.
Соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.
Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.
Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони «Дӯстии халқҳо» таъсис дода шуд.
Соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 16-уми декабр
Дар Баҳрайн — Иди миллӣ.
Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият.
Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.

Рӯзи 16-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?
1770 — Людвиг ван Бетховен (ваф. 1827), композитори олмонӣ.
1775 — Ҷейн Остин (ваф. 1817), нависандаи англис

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ