Дар автобусҳои Кореяи Ҷанубӣ ба мусофирон интернети бепул дастрас мешавад


Дар Кореяи Ҷанубӣ автобусҳо ба мусофирон интернети бепул тақдим мекунанд. Корея Ҷанубӣ якум кишварест, ки чунин ташаббусро амалӣ кард.
Соли 2018 дар Корея дастури насб кардани Wi-Fi-и бепул дар автосубҳои мусофиркаш оғоз шуда буд. Ин дастур рӯзи 14 декабри соли ҷорӣ комилан ба охир расид. Акнун ҳар як мусофире метавонад аз интернети бепули автобусҳо истифода барад.
Дар маросими ба поён расидани иҷрои ин дастур, ки дар яке аз автобусҳои шаҳри Сеул барпо шуд, вазири технология ва иртибототи Кореяи Ҷанубӣ ва намояндагони ҳизби ҳокими кишвар – “Тобуро” иштирок карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ