Шаҳрҳои мезбони Бозиҳои Осиё дар солҳои 2030 ва 2034 маълум шуданд


Дар шаҳри Маскати Уммон ассамблеяи умумии шӯрои Олимпияи Осиё барпо шуд.
Дар ин нишаст номи кишварҳое, ки дар солҳои 2030 ва 2034 мезбони Бозиҳои Осиё мешаванд, эълон гардид.
Соли 2030 ин мусобиқа дар шаҳри Дӯҳаи Қатар баргузор мешавад. Шаҳри Ар Риёзи Арабистони Саъудӣ барои мезбонии мусобиқа рақиби асосии Дӯҳа буд. Аммо ба ин шаҳр мезбонии соли 2034-ро доданд.
Дӯҳа қабл аз ин соли 2006 низ мезбони Бозиҳои Осиё шуда буд. Аммо дар пойтахти Арабистони Саъудӣ ин мусобиқа бори аввал барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, охирин Бозиҳои Осиё соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд. Соли 2022 шаҳри Ханчжоуи Чин ва соли 2026 шаҳри Нагояи Япония мезбони мусобиқа хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ