Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар феҳристи Quacquarelli Symonds ҷой гирифт


Агентии Quacquarelli Symonds феҳристи донишгоҳҳои кишварҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказиро тартиб дод. Дар феҳристи QS Emerging Europe and Central Asia University Rankings 4 донишгоҳи Ӯзбекистон, аз ҷумла, донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ҷойгир шуд. Дар ин бора вазорати таълими олӣ ва махсуси миёна хабар дод.
Дар ин феҳрист донишгоҳҳои зерини Ӯзбекистон ҷой гирифтанд:
Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва кишоварзии Тошканд,
Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек,
Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Донишгоҳи давлатии техникаи Тошканд.
Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Русия, Донишгоҳи Тартуси Эстония, Донишгоҳи далватии Санкт-Петербурги Русия ва Донишгоҳи Карлови Чехия беҳтарин муассисаҳои таълими олии кишварҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эътироф шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ