Имрӯз Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Гулрухсор Сафиева зодрӯз дорад МАН ШОИРИ ДАРДАМ(Мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷик устод Гулрухсор

  • Устоди гиромӣ, ташрифи Шумо ба Самарқанд моҳи сентябри соли ҷорӣ (2019) иттифоқ афтод. Ин барои ҳаводорони шеъратон дар ин сарзамин хеле хотирмон буд. Чи андешае дар ин сафар роҳбалади шумо буд?
  • Ман гӯё ки ҳеҷ вақт аз он ҷо нарафтаам, ҳарчанд ки мумкин аст ҳазор сол пеш аз ин рафта бошам. Ман акнун ба маънии суханҳои “ҳафт пушт” ва “ҳафтоду ҳафт пушт” расидам. Яъне инҳо гапҳои одиву сода нестанд. Инҳо (ниёгон) дар ҳар қадам бо моанд ва дар ҳар қадам ҳам аз мо ҳисобот мегиранд. Ба ҳамин маънӣ, вақте ки ман ба Самарқанд омадам(чандин сол набудам дар Самарқанд), гӯё тамоми зиндагӣ дигар шудаасту Самарқанд дигар нашудааст. Ин шаҳри пур аз ноз, шаҳри пур аз неъмату шаҳри пур аз Рӯдакӣ ҳамчунон буд, ки ман онро дар давраи донишҷӯӣ дида будам, чил сол пеш. Ба ҳамин маъно, ман мегӯям, ки “касе ки Самарқандро надидааст, ҳеч ҷои дунёро надидааст”. Самарқанд барои ман мисли як китоби навиштаи хонданашуда аст. Ман умедворам, ки ақаллан барои ҳафт пуштам ин китобро мехонам ва менависам ва таҳлилу таҳрир мекунам – он ҷо, ки дурӯғ рафтааст.
  • Нахустин воситае, ки шуморо бо Самарқанд мепайвандад, ҳатман ашъори дилписанди шумост. Оё боз кашиши дигаре ба ин шаҳр ҳис мекунед?
  • Кашиши ман кашиши хунӣ аст, кашиши ҷонӣ, руҳӣ аст. Мо бояд ин шаҳрро ҳамчун шаҳри фарҳанги ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем. Самарқанд барои ман бори аввал бо номи Мароқанд ошно шуда буд. Худатон як фикр кунед – дар ҳар ду вожа “қанд” ҳаст. Ин “қанд” дар Рӯдакӣ ҳам ҳаст. Вақте ки сухан дар бораи Самарқанд, дар бораи таърихи башарият меравад, бояд гуфт, ки таърихи ин шаҳр навишта нашудааст ва хонда ҳам нашудааст ва инро худи самарқандиён ҳам медонанд.
    Ҳама корро маҷбурӣ кардан мумкин – чой дам кардан, кӯҳ кандан, парвоз намуда ба ҷое рафтан… Лекин дӯст доштанро ба ҳеч кас маҷбур карда намешавад. Вақте дар хонаводаи ман нақши гиребони модари ман мондааст, ки дар тамоми водӣ ман ин нақшро надидам, ман барои шумо аксе аз он гирифтам, ки дар музейи духтари губернатори шаҳри Самарқанд Тамара Рустамова ҳаст. Барои ҳамин вақте Самарқанд мегӯянд, ман ҳафтоду ҳафт пуштамро ба ёд меорам ва салову сано мешунавам.
    Бубинед, ман шаҳрро метавонам дӯст бидорам. Ман дар беш аз сад шаҳри дунё будам: дар баъзе ҷойҳо то шаст-ҳафтод рӯз ҳам будам, дар баъзе ҷо дарс ҳам гуфтам, дар баъзе ҷо шабҳои шеър ҳам доштам. Беҳтарин шабҳои шеърамро (ба забони арабӣ) дар Димишқ, ки пойтахти зуҳури Исои Масеҳ аст, дар ёд дорам.
    Аммо он чи ки ман дар Самарқанд эҳсос мекунаму дар кӯчаҳои Самарқанд аз сангу аз девораш мешунавам, дар ҳеч ҷо нашунидаам. Ин садои қарнҳо нест, ин садои зоду бунёд аст.
  • Дар шеъри “Шаҷара” аз Яхч, ки зодгоҳи шумост, ном мебаред ва дар радифи он номи Самарқанд ҳам зикр шудааст:
    Аз меҳани гулнорам,
    аз гулхани гулхорам,
    Аз Хоҷаи Аҳрорам,
    аз Яхчи Самарқандам.
    -Бале. Самарқанд аввалин шаҳри фарҳангист. Бесабаб Рӯдакиро самарқандӣ намегӯянд, падари шеъри ҷаҳон, дар Самарқанд таваллуд нашудааст?
    Ман медонам, ки ҷаҳл танҳо ба хотири он офарида мешавад, ки чизҳои беҳтаринро аз рӯи дунё барад. Вақте ки чандин бор самарқандиёнро ба хок яксон карданд, вақте ки онҳоро аз дару хонаашон дур карданд, ё куштанд, ин мардум гурехтанд, китобҳояшонрову ҷонҳояшонро гирифтанд, як гурӯҳаш ба Панҷшер рафт, ки он вақт ҳамааш як замин буд, як гурӯҳаш, намедонам, ба куҷои дигар рафт, гурӯҳҳои дигар ҳама ба сари кӯҳ омаданд ва барои худашон ҷой интихоб намуданд. Маҳали дигар ҳаст бо номи Сарихосор, ки дар таркиби Кӯлоб (вилояти Хатлон) аст, ин Яхчи ин тарафи мо, ки ба Дарвозаи Рашт медарояд, инҳо ҳама ҷойҳои интихобкардаи бузургони мо ҳастанд, ки дар вақташ қасру кӯшку таърих доштаанд. Дар Яхч ҳар вақт сел меояд, кӯзаҳое пайдо мешаванд, ки дар даруни онҳо одамон рост гӯр карда шудаанд. Мутаассифона, ҳеч кас онҳоро ба даст гирифта наметавонад.
    Касе ки Яхчро дидааст, медонад, ки ин Яхч кӯҳ нест, ин кӯҳу манор кӯҳу манора нест, ин қабр аст.

Ҳамонро мегӯям, ки Самарқанд худро дар кӯҳсор мисли як гул, мисли як гиёҳ бурду кишт.

  • Шояд мардуми Яхч аз он замон ба Самарқанд омадурафт мекарданд…
  • Бале, бале. Вақте ман ба Даҳбед рафтам, масҷидҳои хушрӯ, чанорҳоро дидам, ки фикр кардам чанорҳои Яхч аст – оғӯш кардам. Мо дар Яхч чаноре дорем, ки дар таҳи он мо бачаҳо бозӣ мекардем. Дар таҳи як чанор 10-12 кас руст мешуд. Чанор чунин хусусият дорад, ки аз дарун месӯзад. Ба ҳамин муносибат гуфтаам, ки
    Монанди чанор аз дарун месӯзам,
    Месӯзаму лек дарнамегирам ҳеч.
    Мумкин барои ҳамин дарнагирифтам, ки ҳамин чанорҳоро бинам.
  • Баъд аз нав шудани раисҷумҳури Ӯзбекистон имкониятҳои хуб фароҳам омад дар робитаҳои байни ду кишвар. Ба андешаи шумо бояд чӣ корҳое кунем, ки аз ҳамин робитаҳо оқилона истифода шавад?
  • Чӣ қадар муҳим аст, ки як инсон, як шахсият дар даврони ҳукмронии кӣ зиндагонӣ мекунад! Чӣ қадар муҳим аст! Муғулҳо омаданд ва аввалин коре, ки карданд, ин буд, ки Аттори навадсоларо куштанд. Ҳатто ҳамон пирамарди аз повудастмонда бо хиради бузургаш ин ҷоҳилҳоро тарсонд.
    Вақте Шавкат Мирзиёев, ки номаш ҳам чӣ қадар зебову шаҳоматаш ҳам аз Мир ва ҳам Зиёст, ман фикр мекунам, ки аз дур истоду хеле дид, хеле тамошо карду ғам хӯрд ва хушбахтона,бо ин таҷрибаи понздаҳсола, ки вай дар ҳукумат кор мекард, дид, ки адолат чисту ноадолатӣ чист. Ва боз як хушбахтӣ ин аст, ки ин шахс замоне мири шаҳри Самарқанд ҳам будааст.
    Дӯстии моро чашм нарасад! Агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буда бошад, Мирзиёев бо ислоҳи хатоҳо девори Самарқанду Бухоро метавонад бошад, дарҳақиқат!
    -Дар яке аз шеърҳои Шумо ин байт ҳаст:
    Хастаам аз ҳарзаборони сухан,
    Шеъри хуршедам шиори зиндагист.
    Шеъре ки ҳарза набошаду тору пудаш гарму равшан – хуршедӣ, чӣ гуна шеър аст? Умуман барои шеъри хуб чӣ меъёру мизонҳоро мақбул медонед?
    -Шеъри Рӯдакӣ! То ҳамин рӯз ҳамон гуна ки “Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор” гуфтаанду 1200 байт боқист, сухани ҳарза нест, дар он ҷо ҳар як сухан бо мех зада шудааст! Ин шеъри Ҳофиз аст!
    “Ҳарзаборони сухан” барои он мегӯям, ки ҳамаи давру замон ҳарзагӯён доштанд, одамоне буданд, ки барои муфлисию барои нодорияшон хушомад мезаданд, шеърро қурбон мекарданд. Ҳоло хеле зиёд шудааст, аз ҳад гузаштааст, мумкин дар Ӯзбекистон ҳам бошад, ҳатман ҳаст. Онҳо хушомад мезананд, ки ном дошта бошанду ҳар чизи дигар, вале фикр намекунанд, ки сухан аз осмон омадааст, аз замин нест. Ва бузургтарин чизе, ки Офаридагор барои мо иҷозат додааст, ато кардааст – пас аз офариниши инсон – сухан аст. Ва махсусан ману шумо дар адабиёти бузургамон ҳеч иҷозат надорем, ки ҳарза гӯем.
  • Шеъратон аз оғози роҳи эҷод мавриди таваҷҷӯҳи хоси пажӯҳишгарони шеър қарор гирифтааст. Оё мунаққиде шуморо дуруст фаҳмида буд, шеъри шуморо дуруст баҳогузорӣ карда буд?
  • Ягон мунаққид ягон шоирро намефаҳмад. Пушкин гуфтааст, ки “мунаққидон ҳасудоне ҳастанд, ки шоир нашудаанд”. Албатта ман бо ӯ он қадар розӣ нестам, лекин ӯ ҳақ ҳам дошт, зеро аз болояш ҳар чиз мегуфтанд. Ӯ ҳамчун шоири бузурги классик ҳақ буд.
    Ман нақдеро, ки дар бораи шеъри ман навишта шудааст, ҳеч вақт намехонам. Чунки ҳеч кас маро мисли худам намешиносад. Ҳатто худам ҳам худро намешиносам, лекин то ҳадде чуноне ки гуфтаам:
    Мурғи ситора мепарад зери биҳишти хобҳо,
    Вақт чаро намезанад дар нафаси шитобҳо.
    Омадаам, ки сар диҳам қаҳ-қаҳи сарди хуни худ,
    Аз ҳама гармҷӯшии қолабии ниқобҳо!
    Ман худам аллакай дар ин чор мисраъ дар ҷангал раҳгум задаам, он гоҳ мунаққид чӣ кор мекунад?! Ҳамин тавр нест?
  • Устод, мувофиқи шеъри худатон ва мувофиқи гуфтаи ҳамнаслонатон устодони бузурги асри шӯравӣ мисли Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода ва Мӯъмин Қаноат ба шумо ҳаққи устодӣ доранд. Шумо аз ин шоирон чӣ сабақҳои адабӣ бардоштаед?
  • Сабақи ман сабақи инсонӣ буд. Ҳар як шоир ба шеъри худаш монанд аст.

Ҳангоме ки номи устод Турсунзодаро ба забон мегирифтанд, миллат аз ҷояш рост мешуд. Вақте бо сарварии устод Мирзо Турсунзода маро ба хобгоҳ диданӣ омаданд, ба ҷои ин ки маро даъват кунанд, як духтараки понздаҳсолаи кӯҳистониву интернатиро, ҳамаашон бо ҳам омаданд. Ман он вақт рубоӣ менавистам. Баъд чунон саволҳо шуд, ки бисёр ҷиддӣ буданд, ҳеч кас бар ман нахандид. Устод Турсунзода аз ман пурсид: “Ҳамин Гулрухсор тахаллуси худатон аст?” Он вақт ин ном дар луғат бошад ҳам, дар байни мардум набудааст. Ман гуфтам: “Муаллим, тахаллусаш чист?” Ҳеч кас нахандид. Мисли ҳозир, ки масалан мегӯянд, “эй ин нодон аст — тахаллусро намедонад” ва аз ин қабил. Гуфтанд: “Номи худат аст?”. Гуфтам: “Номи худам аст, ба ман модарам мондагӣ”. Фақат гуфтанд, ки “Тахаллус ин аст, ки вақте номи одам ба худаш маъқул нест, номи дигар интихоб мекунад, ана, Баҳор, Фарҳат… Дар адабиёти мо тахаллус зиёд аст.” Яъне чи қадар ҷиддӣ бо як духтарчаи понздаҳсолаи аз интернат баромада муносибат доштанд: хобгоҳ омаданд, маҳфил оростанд. Раиси донишгоҳ қариб аз ҳуш рафт, ки чаро ин бузургон ин ҷо омадаанд, ки ба ҳар даъват ҳам ҳозир намешуданд.
Ман ингуна сабақ омӯхтаам аз устодонам.

  • Шуморо ҳамчун шоири тозагӯй ва навовар мешиносанд. Як-ду сухан дар бораи тозаофариҳои худатон гуфта метавонед?
  • Дард тозагиву кӯҳнагӣ надорад. Ман шоири дардам – модарам дар панҷсолагӣ рӯи зонуям ҷон додааст. Ман басо бо қурбониҳои сахт шоир шудаам.
    Ба ҳамин ақида ҳастам, ки агар инсон гуфтание дошта бошад, даҳонашро боз кунад, гапе надошта бошад – “хомӯшӣ беҳтарин тилло аст”. Ман агар то дард дар дилам такон нахӯрад, ба қавли яхчиҳо “калладав хӯрда сарам ба девор назанад”, қалам ба даст намегирам. Лекин бисту чор соат фақат калладав мехӯрам, сарам ба девор мезанад.
    Тозагӣ медонед чист? — Нигоҳи тоза ба зиндагӣ. Мо ҳозир таҳи нӯҳ миллиардем, нигаҳи ҳамаамон тоза аст ба зиндагӣ. Яке метавонад ҳамин нигоҳро сабт кунад, мисли наққош, ҳунарманд, шоир, нависанда… Дигар, ки нигоҳи тоза надорад, ҳавас мекунад, тақлид мекунад. Ба ҳар ҳол, медонед, мо аз он одамоне ки шеър мегӯянду шеър менависанд, набояд ранҷем, ҳарчанд ки фарҳанги мо, шеъри мо иҷоза намедиҳад, ки ҳама ҳазён гӯянд. Барои он ки мардум, инсоният дарду доғи зиёд дорад дар дилаш.
    Ман тоза мегӯям, ё намегӯям, ба хонанда маълум аст. Дар давоми панҷоҳ-шаст соле, ки хонанда шеъри авввалини маро медонад, ба ҳамин хулоса меоям, ки шеър кӯҳна намешавад, дарду ҳасрат кӯҳна намешавад.
    Дар ҳамин Фейсбук аз китоби аввалини ман шеърҳо мегузоранд. Рӯзи ҷашни ҳафтодсолагии раҳматӣ Муқаддас Набиева сурудеро гузоштаанд аз ин ҳофиз, ки бо аввалин шеъри ман — шеъри сафед (“Ту бо кӣ ошно ҳастӣ”) аз аввалин китобам гуфтааст. Бубинед, ҳанӯз он замон ин кор ҳеч имкон надошт, ҳатто Аҳмад Зоҳир ҳам ин корро накардааст, яъне оҳанг бастан ба шеъри сафед. Ин тозагӣ аст аз тарафи Муқаддас.
    Дар шеър андеша қолаби онро муайян мекунад. Аввал – андеша, баъд андеша оҳанг мегирад, баъд оҳанги андеша қолаб мекобад ва қолаби мувофиқро ба худ пайдо мекунад. Ман пас аз бозгашт аз Самарқанд шеъре мехоҳам бинависам. Сад хел тоб медиҳам инро бинависам, ҳеч не ки ман онро нависам,- яъне рӯзе аз зери гаҳворае, аз тоқи хонае дар ин ҷо девони Рӯдакиро хоҳем ёфт. Ҳаминро мехоҳам бинависам – на рубоӣ мешавад, на дубайтӣ мешавад, намедонам чӣ мешавад. Аммо китобро пайдо мекунем, -яқин!
  • Дар осори шумо асосан баёни шодиву андӯҳу ишқ ва муаммоҳои иҷтимоии замон таҷассум ёфтааст. Вале мебинем, ки ҷой-ҷой дар бораи танҳоӣ ҳам шеър гуфтаед. Шахсияте мисли шумо, ки ба муҳаббати саршори мардум рӯ ба рӯ ҳастед, чӣ гуна метавонед танҳо бошед?
  • Муҳаббат одамро танҳотар мекунад, махсусан муҳаббати мардум. Дар давраи шӯравӣ гуфта будам, ки “ба муҳаббати омма ва ишқи шоҳ бовар накунед – шоҳ як рӯз ғазаб мекунад ва туро мекушад, омма як рӯз акси муҳаббаташ сангсор кардани ту аст” – ҳардуяшро дидам.
    Ман чӣ қадар зиёд дар бораи танҳоӣ гуфтаам: “Шоири танҳоиям, танҳоӣ дар хуни ман аст”. Дирӯз як хонум ҳам гуфта буд, ки “ин кас дар умри худ танҳо набудаанд, чи гуна дар бораи танҳоӣ шеъри беҳтаринро мегӯянд?”

Танҳоӣ — сармояи беминнатам. Танҳоӣ аз аҳли байтам, аз аҳли дӯстонам болотар аст. Дар олам муҳаббате нест, ки қотиле надошта бошад. Ман қотили муҳаббати худ ҳастам, ки танҳоиям аз он аст. Кӣ медонад, ки ҳоло дар дили шумо чӣ мегузарад? — Ана ҳамон танҳоӣ аст.
Мегӯянд, ки дугоникҳо дар шиками модар пушт ба якдигар гардонида, дар танҳоӣ гиря мекардаанд. Ман чи гуна нагирям, ки медонам то гӯр танҳоям?!
Ман хаёл мекунам, ки моро Офаридгор аз худаш ҷудо кард, танҳо гузошт ва ин танҳоӣ аст, ки ишқро меофарад ва ишқ аст, ки шеърро меофарад. Маънои танҳоиро мо намедонем.
Мансури Ҳаллоҷ ҳам ба ин роз андеша мекард.Ӯ ҳам вазъи Исои Масеҳро дошт, ки назди масеҳиён сифати худоӣ дорад. Ҳеч кас мисли Ҳофиз вазъи Ҳаллоҷро шарҳу маънидод накардааст:
Гуфт он ёр, к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.
Асрор ҳувайдо кардан дар танҳоӣ, натавонист ҳувайдо кардан. Гуфт “ман худогунаам”. Аммо ин ҷамъу ин омма нагузоштандаш, ки рози танҳоиро кушояд. Ман ба ин суол агар ҷавоб медоштам, шеър наменавиштам.
-Қаҳрамони шеъри шумо зани мубориз аст, ҳамеша бар зидди номардҳо мардона таҳқирро тоқат ва таҳаммул мекунад. Ва ҳатто дар як шеър гуфтаед:
Зи санги мардҳо афканда сӯям
Барои хеш ҳайкал мегузорам!
-Таҳаммул намекунам — ҳеч вақт! Не, ман таҳқирро ҳеч вақт на дар нисбати худам, на дар нисбати як кӯдак, на дар нисбати ҳатто қотил, масалан, агар як қотилро даҳ нафар бизананд – таҳаммул надорам! Медонам, ки одамкуш аст. Мегӯям барои чӣ – аз рӯи қонуни инсониву яздонӣ бояд ҷазо дода шавад. Чунки барои дигарон дарс шавад.
Исои Масеҳ ҳикмате дорад, ки мегӯяд: “Агар касе ба як бари рӯят бизанад, бари дигари рӯятро дор”. Медонед, ин сухан чӣ қадар ҳикмат дорад? Агар касеро бизананду ин ҳам дар ҷавоб бизанад, — бадӣ мемонад, некӣ аз байн меравад. Бинобар ҳамин ман ҳамеша инсонро қабул дорам.
Ба ёди кӣ омадааст, ки мардро аз зан ҷудо кунад? Офаридгор ҳама кораш панду ҳикмат дорад. Ман мегӯям, ки кумитаи занҳоро, ки ташкил кардаанд, бигзор кумитаи мардҳоро ҳам ташкил кунед. Мардҳо ҳам дар азобанд аз дасти занҳо. Як зани бефаҳм, як зани бесалиқа албатта бадбахтии як мард аст. Агар натавонанд бо ҳам бошанд, ҷудо шаванд. Дар мамлакати демократии Америка мардҳо ҳақ надоранд занҳоро талоқ диҳанд, баръакс занҳо талоқ медиҳанд.

  • Ба фикри шумо истифодаи таъбири “шеъри зан” ва “шеъри мард” чӣ андоза аҳаммият дорад, оё дуруст аст ин истилоҳҳоро ба кор барем?
  • Ин таъбир бояд аслан набошад. Чунки ин нӯҳ миллиард аҳолие, ки дар рӯи замин дорем, ҳар яке ба тариқи худаш менолад, ба тариқи худаш месӯзад, ба тариқи худаш дард мекашад.
    Бубинед, ҳунар дигар аст, он ҳам зану мард надорад. Ва забон забони модарӣ аст – дар ҳама ҷои дунё. Мо вақте ки тамоми беҳбудиҳои зиндагиро ба зан ҳадя кунему гӯем, “забон — забони модарияст”, аз мард чӣ мемонад? Ин ҷо ду инсоне ҳаст, ки шеър меофарад, сайёраро зебо мекунад, -марду зан.
    -Ашъори шумо ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст. Кадоме аз ин тарҷумаҳо беҳтар ва ба дили шумо наздиктар аст?
    Албатта тарҷумаҳои русӣ ҳамон ҳам ҳамааш не. Барои чӣ русиро мегӯям, барои он ки русиро мефаҳмам. Барои он китобҳо чандин ҷоиза гирифтаам. Ҳатто нашрияи “Молодая гвардия” ҷоизаи дараҷаи сеюмро ҳадя кард, ки ҳамаро ба ҳайрат овард. Китоби “Откровенье в полдень” ҳам соҳиби ҷоиза гашта буд. Ба дигар забонҳое, ки намефаҳмам, намедонам чӣ гуна тарҷума кардаанд.
    Ман аммо ҳамеша дар як ақида ҳастам, ки шеър тарҷума намешавад, мисли оби равон, мисли нафас. Наср тарҷума мешавад, аммо на шеър. Мо ҳамроҳи Татяна Кузовлева, ки инсони бисёр нобиға буд, китоби “Зодрӯзи дард”-ро тарҷума кардем. Падараш ҳам нависандаи бузурги ҷаҳонӣ буд, модараш низ нависандаи хуби бачаҳо буд. Ҳангоми тарҷумаи китоби “Зодрӯзи дард” (“День рождения боли”) дар Подмосковйе, дар сари ҳар мисраъ кашокаш мекардем. Татяна гуфт, ки “ту маро шоир кардӣ, ту маро олим кардӣ”.
    Агар ҳозир Татяна зинда мебуд, тамоми шеърҳоямро аз аввал то охир ҳамроҳи ӯ тарҷума мекардам. Аз тамоми тарҷумонҳое, ки дӯсташ медорам ва дӯстам медорад, ҳамин Татяна Кузовлева аст.
  • Пас аз нашри “Занони Сабзбаҳор”, ки аз ҳаёти пурмашаққати занон дар ақибгоҳи фронт нақл мекард, ҳанӯз хумори хонанда нашикаста, романи дувуматон “Сакарот” дар ҳоли яклухтӣ ва аз ҳикояҳои мустақил фароҳам омад. Ҳикояҳо чунон мармузу киноядоранд ва дарки онҳо ба осонӣ даст намедиҳад. Ин достони мансур аз сӯи муҳаққиқони тоҷик арзишдоварӣ шудааст?
  • Не, ҳадди аққал як мунаққид ҳам гап назадааст. Дар Эрон ҳам чоп шуд ва мамнӯъ гардид. Аввал ин ки чопи ин китоб дар Маскав оғоз шуда буд. Ман ифтихор мекунам, ки ҳамин китобро навиштам.
    “Сакарот” барои чӣ тарҷума нашуд? Се тарҷумоне, ки онро тарҷума карданд, барои ман маъқул нашуданд. Инро ман худам тарҷума карда метавонам ба русӣ, аммо як умри дигар даркор, ки ман ин умрро надорам барои “Сакарот”. Не, дар ин мобайн ман як романи дигар дорам бо номи “Меҳроб”. Беҳтарин романи ман ҳамон аст. Он акнун каме кор мехоҳад.
    Аммо “Сакарот” чизе аст, ки метарсам, ки як рӯзе маро ба туфайли он ҳамчун шоир фаромӯш кунанд. Ҳарчанд, ки ман дар ин ақидаам, ки ман ҳамчун ҷанҷолӣ дар адабиёт мемонам, ҳамчун шоир.
    -Дар оғози романи “Сакарот” омадааст, ки он маҳсули заҳмати ҳаждаҳсолаи шумост. Дар ин ҳол хонандагони китоб ҳатман асареро истиқбол кардаанд, ки хеле мукаммалу зебост. Воқеан, ин асар соҳиби арзиши баланди бадеист. Пирояи кинояю маҷозу ташбеҳу истиораю муболиғаҳо ин қадар олӣ омадаанд. Дар офаридани ин китоб кадоме аз адибони классики форсӣ барои шумо манбаи илҳом буд?
  • Ҳеч кас не, зиндагии худам. Ман то ҳол ҳайронам, ки чаро Офаридгор маро водор кард, ки ҳамин асаррро нависам? Чунки ҳар коре, ки мешавад, бемантиқ нест. Ин сайёра, як вақте хаёл мекардам, ки аз бемантиқӣ сохта шудааст. Ҳозир ба ин хулоса омадаам, ки ҳар як нафасамон дар ҳисоб аст. Ҳар сари сӯзан ҳам дар ҳисоб аст.
    Инро чаро барои ман иҷоза доданд? Медонед, қаҳрамони ин асар аз ҳама пеш маро бад мебинад, ман – инро. Чунки ба ҳамдигар монандем. Хуб, ман камтар дурӯғ мегӯям, ман шӯҳратхоҳу шӯҳратпараст нестам. Лекин ҳар касе ки як чизи аз дигарон баландтар мехоҳад, вай аллакай дар зиндон аст. Ҳар касе ки ташна асту бо посбон меравад, вай аллакай бадбахттарин инсон аст.
    Ғояи романи “Сакарот” ҳамин аст, ки инсон ба майли худаш ба ин ҷо наомадааст, гуноҳ карду фиристодандаш. Шайтонро ҳамроҳаш роҳӣ карданд, ҳарчанд ки худи инсон ҳамаи сифатҳои шайтониро бо худаш овард. Ва ман мехоҳам гӯям, ки ин одаме, ки дидаву дониста худро ба зиндони шӯҳрату худпарастиву зиндони назди дигарон боло будан гирифтор кард, ҷазои сахт гирифт.
    Баъд, гап ин ҷо меравад, ки зиндагӣ бисёр кӯтоҳ аст, дар назари ман моро Офаридагор ҳамчун харгӯшакҳои таҷриба таҳ партофтааст ва аз боло нигаҳ дорад… Ва вақте ки аз ишқ одамон айш месозанду ва ҳар чизи дигар, ин кор аз корҳои шайтонӣ ҳам боло мегузарад. Ман шарм медорам, охир Ӯ аз боло нигаҳ дорад!
  • Саломат бошед, устод. Дар романҳои шумо саҳнаҳое тасвир шудаанд, ки агар дар сурати филмҳои бадеӣ пешниҳод мешуд, саҳнаҳои тайёр буданд. Оё коргардоне ё ҳунарманде аз синамо боре ба шумо пешниҳоди филм сохтан карда буд?
  • Понздаҳ филм аз “Занони Сабзбаҳор”-ро пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ телевизиони тоҷик бо ман ҳатто шартнома баста буд. Он вақт баъзе коргардонҳо зинда буданд. Баъзеашон ҳанӯз ҳам дар қайди ҳаётанд. Инҳо дигар пир шудаанд. Ҳама чиз омода буд. Ман ҳатто гуфта будам, ки тарҳи филмро худам менависам, сурудро худам мехонам.
    Ҷанг сар шуд, ҳама ба ҳоли худаш монд, лекин, нигоҳ кунед, мардум фаромӯш накардааст ин чизҳоро. Баъди сӣ сол чоп шуд. Ман мегӯям, ки вақташ мерасад, ки ҳатман аз ҳар боби як “Занони Сабзбаҳор” даҳто филм месозанд!
  • Шумо феълан раиси Фарҳангистони Шеъри Ҷаҳон ҳастед. Ва ин вазифа масъулият дорад ва ҳам маълум аст, ки шумо шахсияти байналмилалӣ ҳастед. Лутфан дар бораи кори имрӯзаи фарҳангистон каме нақл мекардед.
  • Ман вақте ки дар Маскав фирорӣ будам, он ҷо маро раиси Фарҳангистони ҷавонони АвроОсиё интихоб карданд. Ман дар ин маҳфил ҳамчун меҳмон нишаста будам. Бузургтарин шахсиятҳои Русия – Вознесенский, Евтушенко, Ахмадулина, Зикина ва Виктория (дӯсти бисёр наздики ман буд), ки ҳама аъзои Фарҳангистон буданд, дар он ҷо ҳузур доштанд.

Ду маротиба маро ба раисӣ интихоб намуданд. Орзуи яккаву ягонаам ин буд, ки фарҳангистоне бисозем, ки мо бо дӯстони ҳамзабони худамон, аз Бадахшон то он тарафи дунё, бо ҳам дар алоқа бошем. Ин ҳам идомаи ҳамон фарҳангистонест, ки дар Маскав сарварӣ меардам. Дар тӯли бисту як соле ки ин фарҳангистон фаъолият дорад, мо маҳфилҳои байналмилалӣ ҳам баргузор кардем ва қариб муваффақ шудем, чунки аз будани ин фарҳангистон ҳама огоҳанд. Охиринаш ҳамон Наврӯзе буд, ки дар Амстердам гузаронидем бо иштироки шоирони ҳавзаи Наврўз. Нашри китоб ҳам аз хидматҳои ҳамин бунёд аст.

  • Шумо муассиси маҷаллаи хеле бонуфузи “Фарҳанг” будед. Шумораҳои он то имрӯз ҳам, хушбахтона, дар китобхонаҳои донишгоҳҳои мо ҳам маҳфуз аст. Ба андеша шумо, оё имрӯз ҳам табъу нашри чунин маҷалла имкон дорад?
  • Имкон вуҷуд дораду инсонҳо вуҷуд надоранд. Аз байн бурдани ҳамон журнал, ба ин хотир, ки муассисаш Гулрухсор аст, шарт набуд. Мисли ҳамин китобхонае, ки сохтанд. Номи Гулрухсорро овардан шарт нест, аслан фаромӯшаш кунед. Лекин ҳамон кореро, ки мекунед, давом диҳед.
    Шумо ҷавонон бештар омӯзеду бештар кор кунед. Шумо метавонед барои эҳёи тозаи ормонҳои устод Рӯдакӣ содиқонаву доимӣ кор кунед, то ин ки Самарқанди суханпарвари Рӯдакиро бо шеъру сухан зинда нигаҳ доред.
  • Устоди гиромӣ, барои сӯҳбати гарму самимӣ як ҷаҳон сипос!
    Анзурати Маликзод
    Дилшоди Фарҳодзод
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ