Тихановская барандаи ҷоизаи порлумони Аврупо барои мубориза дар роҳи озодандешӣ шуд


Светлана Тихановская, роҳбари мухолифати ҳукумати Белорус имсол барандаи ҷоиза ба номи Андрей Сахаров шуд. Ӯ дар Брюселл ин ҷоизаро дарёфт кард.
Бино ба хабари Евронюз, Тихановская дар маросими ҷоизасупорӣ гуфт, “Дар атрофи мо девори ноаёни тарсу ваҳм қад афрохта буд, вале имсол ҳама чиз тағйир ёфт. Мо якҷоя бовар кардем, ки ин девори тарсу ваҳмро хишт ба хишт вайрон кардан мумкин аст”.
Тихановская дар суханронии худ Аврупоро ба боҷуръаттар будан дар амалҳои худ даъват кард.
Ёдовар мешавем, роҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар моҳи ноябр тавофуқ карданд, ки 59 нафар аз мақомоти Белорус, аз ҷумла, Александр Лукашенкоро барои саркӯб кардани намоишҳо таҳрим (санксия) мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ