Ӯзбекистон дар 10 моҳ 22,4 ҳазор тонна мандарин импорт кард


Кумитаи давлатии омори (статистика) Ӯзбекистон дар бораи воридоти мандарин ба кишвар маълумот дод.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ Ӯзбекистон аз хориҷа ба арзиши 3,5 миллион доллар 22,4 ҳазор тонна мандарин ворид кард.
Ҳамчунин, дар ин муддат ба арзиши 17,6 миллион доллар 26,5 ҳазор тонна банан, ба арзиши 21,6 ҳазор доллар 30,2 тонна авокадо, ба арзиши 258,1 ҳазор доллар 382,4 тонна ананас, ва ба арзиши 1,7 миллион доллар 2,7 ҳазор тонна апелсин ворид кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ