«Санъати миниатюра» ба рӯйхати мероси ғайримоддии «UNESCO» дароварда шуд

Дирӯз, 16-уми декабр дар сессияи XV Кумитаи байниҳукуматӣ аз рӯйи ҳифзи мероси ғайримоддии UNESCO «Санъати миниатюра» ба рӯйхати репрезентативии мероси мадании ғайримоддии UNESCO дароварда шуд. Дар ин бора ҷонишини Сарвазир Азиз Абдуҳакимов маълум кард. Маҷмӯаи номзадҳо аз рӯйи UNESCO аз ҷониби Комиссияи миллии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои мисли Туркия, Озарбойҷон, Эрон тайёр гардид. Ба рӯйхати репрезентативӣ даромадани «Санъати миниатюра» эътирофи байналмилалии намуди санъати мазкур мебошад. Дар тадбир таъкид гардид, ки рассомони машҳуру шинохташудаи Шарқ мисли К.Беҳзод мактаби миниатюраро бунёд карданд, ки яке аз мактабҳои пурқуввати дунё шуда меояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ