Неруҳои ҳукумати Афғонистон ҳамлаҳои аъзои ҳаракати «Толибон»-ро пешгирӣ карданд

Неруҳои ҳукумати Афғонистон ҳамлаҳои аъзои ҳаракати «Толибон»-ро дар ҳавзаи Панҷвоии вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар пешгирӣ карданд ва пас аз ин шӯришиён маҷбур ба фирор шуданд. Дар маҷмӯъ, низомиён 17 ҷангиро маҳв намуданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати мудофиа омадааст, ки рӯзи чоршанбе интишор ёфт.
Дар ин санад қайд шудааст, ки бо дастгирии авиатсияи ҳарбӣ, неруҳои ҳукуматӣ 17 террористро кушта ва силоҳу лавозимоти ҷангии онҳоро маҳв ва кӯшиши пешрафти «Толибон» -ро қатъ карданд.
Дар изҳорот оид ба талафот неруҳои ҳукуматӣ ва ё набудани талафот хабар дода нашудааст.
«Толибон», ки дар ҷануби Афғонистон фаъолтар шудаанд, то ҳол дар ин маврид тавзеҳот надодаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ