Тибқи Конститутсия маросими савгандёдкунии Ҷо Байден кай баргузор мегардад?

Кумитаи тадорукоти маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден аз амрикоиҳо даъват кард, ки аз сафар ба Вашингтон худдорӣ кунанд, зеро ҷашн бо маҳдудият баргузор хоҳад шуд. РИА «Новости» дар ин бора бо истинод ба изҳороти ташкилкунандагон хабар медиҳад.
«Ҷои баргузории маросим бениҳоят маҳдуд хоҳад буд ва паради баъдӣ аз нав дида баромада мешавад. Кумитаи маросими савгандёдкунии президент мардумро даъват мекунад, ки аз ҳар гуна сафар худдорӣ кунанд ва дар маросими савгандёдкунӣ аз хона ширкат варзанд», — омадааст дар изҳорот.
Агентӣ иброз кард, ки мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Байден 306 овоз гирифт, ки барои пирӯзӣ 270 зарур аст ва бо ин пирӯзӣ дар интихоботи президентии 3 ноябр ғалаба ба даст овард. Натиҷаи овоздиҳии интихобкунандагон 6 январ тасдиқ шуда, маросими савгандёдкунии Байден тибқи Конститутсия бояд 20 январ баргузор шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ