Путин Навалнийро василае барои қонунӣ кардани ҷосусии ИМА номид


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 17 декабр дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки “Парвандаи Навалний” барои қонунӣ кардани маводди хадамоти махсуси ИМА истифода мешавад.
Бино ба хабари Регнум, Путин гуфт, “Ин қонунисозӣ аст, ин тафтишот нест, ин қонунӣ кардани маводди хадамоти махсуси ИМА мебошад”.
Дар зимн, Путин таъкид кард, ки блогер Алексей Навалнийро хадамоти махсуси ИМА дастгирӣ мекунад, “аммо ин маънои онро надорад, ки ӯро бояд заҳролуд кард, зеро ба ӯ низ касоне эҳтиёҷ доранд”.
Вай афзуд, “Ӯро вақте аз Русия ба Олмон раҳо карданд, ки ҳамсараш пурсид, дар ҳамон сония”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ