Рӯҳонӣ: Эрон савумин мавҷи коронавирусро паси сар кард


Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар бораи паси сар шудани савумин мавҷи коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
Суханронии Рӯҳониро шабакаи телевизионии давлатӣ пахш кард. Ӯ гуфт, “Дар натиҷаи кӯшиши муштарак бо аҳолӣ, кормандони тиббӣ ва нерӯҳои сафарбаршуда мо тавонистем савумин мавҷи коронавирусро паси сар кунем”.
Ёдовар мешавем, аз оғози декабр то ба ҳол шумори рӯзонаи мубталоёни коронавирус дар Эрон тадриҷан кам мешавад. Дар зимн, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Эрон ба 1 108 269 нафар расидааст. Беш аз 52 ҳазор нафар бар асари коронавирус фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ