ФИФА рӯзи 17 декабр беҳтарин намояндагони футболро дар соли 2020 эълон кард. Ин маросим имсол ба далели пандемия онлайн барпо шуд
Юрген Клопп, сармураббии олмонии “Ливерпул”-и Англия беҳтарин мураббии сол эътироф гардид.
Роберт Левандовский – ҳуҷумгари “Бавария”-и Мюнхен ва ҷамоаи миллии Полша беҳтарин футболбози сол эълон шуд.
Мануэл Нойер – дарвозабони “Бавария”-и Мюнхен ҷоизаи беҳтарин дарвозабони солро дарёфт кард.
ФИФА ҷоизаи голи беҳтарини солро ба Сон Хён Мин, ҳуҷумгари “Тоттенҳем”-и Лондон супурд.
Маттиа Агнес, футболбози “Оспадалетти”-и Италия бо ҷоизаи Fair Play сарфароз шуд.
ФИФА ҳамчунин, ҷамоаи рамзии соли 2020-ро эълон кард:
Дарвозабон: Алиссон Беккер (узви «Ливерпул», шаҳрванди Бразилия),
Ҳимоятгарон: Трент Александер-Арнолд («Ливерпул», Англия), Вирҷил ван Дейк («Ливерпул», Нидерландия), Серхио Рамос («Реал», Испания), Алфонсо Дэвис («Бавария», Канада),
Нимҳимоятгарон: Йозуа Киммих («Бавария», Олмон), Кевин де Брюйне («Манчестер Сити», Белгия), Тиаго Алкантара («Бавария» «Ливерпул», Бразилия),
Ҳуҷумгарон: Роберт Левандовски («Бавария», Полша), Лионел Месси («Барселона», Аргентина), Криштиану Роналду («Ювентус», Португалия).
