Дари Бозиҳои Олимпиро ба рӯи Владимир Путин бастанд


Додгоҳи (суд) доварии варзишӣ ташрифи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва аъзои ҳукумати ин кишварро ба Бозиҳои Олимпӣ ва мусобиқаҳои Ҷоми Ҷаҳон манъ кард.
Ин хабар дар сайти додгоҳ эълон шуд.
Ҳамчунин, роҳбарону муовинони созмону муассисаҳои давлатӣ низ наметавонанд дар ин мусобиқаҳо ҳамчун тамошобин иштирок кунанд.
Вале, агар раисҷумҳур, ё сарвазири кишвари мезбони мусобиқа онҳоро даъват кунад, ҳамчунин, касе аз онҳо узви кумитаи байналмилалии Олимпия, ё кумитаи байналмилалии Паралимпия бошад, метавонад дар мусобиқаҳо ҳозир шавад.
Додгоҳи доварии варзишӣ чанде пеш иштироки варзишгарони Русияро зери парчами кишвари худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба муддати 2 сол ва баргузории мусобиқаҳои бузург дар Русияро манъ карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ