“Фестивали ҷавонон” барои чӣ гузаронида мешавад?

Дар Хонаи матбуоти шаҳри Самарқанд, доир ба гузаронидани фестивали ҷавонон дар Самарқанд анҷумани матбуот гузаронида шуд. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов ва роҳбари Садорати Агентии кор бо ҷавонони вилояти Самарқанд Ҳусан Тӯхтаев иштирок карданд.
Тибқи баёни маҷлиси Шӯрои байниидоравии республика оид ба ҷавонон, рӯзҳои 18-25-уми декабри соли равон дар мамлакати мо «Фестивали ҷавонон» баргузор мешавад.
Ташкилкунандагони асосии фестивал ҳокимиятҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин шӯъбаи вилоятии Агентии кор бо ҷавонон ва шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон мебошанд.
Мақсади асосии фестивал омӯхтани пешниҳодҳо ва хоҳишҳои ҷавонон, кӯмак ба ҳалли мушкилоти онҳо, муттаҳид сохтани ҷавонони боистеъдод ва пешрафта барои ободии кишвар ва некӯаҳволии мардум, муайян кардани нақшаҳои ояндаи сиёсати ҷавонон дар соли 2021 мебошад.
Вазифаҳои фестивал баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию сиёсии ҷавонон, рағбатнок кардани ташаббуси онҳо дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фароҳам овардани фазои ҳамкории илмӣ ва эҷодӣ дар байни онҳо, ташаккули муносибатҳои дӯстона, мубодилаи таҷриба ва кӯмаки тарафайн дар фаъолияти илмӣ, пешрафти илмӣ ва техникӣ, ташкили иҷрои барномаҳои қабулшуда мебошанд.

  • Фестивал дар самтҳои «Бо ҷавонон мулоқоти самаранокро ба роҳ мондан, омӯхтани пешниҳодҳо ва боҳам ҳал кардани онҳо», «Дастгирии таълим, тарбия ва қобилиятҳои интеллектуалии ҷавонон», «Рушди истеъдоди ҷавонон дар соҳаи фарҳанг, адабиёт ва санъат», «Таъмин кардани ҷавонон бо кор ва дастгирии фаъолияти тадбиркорӣ», «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни ҷавонон» ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстии ҳарбӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо» гузаронида мешавад, — гуфт Х. Очилов.
    Дар охири анҷуман ба саволҳои блоггер ва рӯзноманигорон ҷавоб дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ