Шавкат Мирзиёев дар нишасти ИДМ масъалаи Афғонистонро бардошт


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар нишасти онлайни сарони кишварҳои ИДМ, ки имрӯз таҳти раисии ӯ онлайн баргузор шуд, масъалаи Афғонистонро бардошт. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳур хабар дод.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар бораи таҳдидҳои мавҷуда ба қаламрави ИДМ таъкид кард, ки пуштибонии ҷараёни сулҳу оштисозӣ дар Афғонистон хеле муҳим аст.
Мирзиёев гуфт, “Осудагии ин кишвар омили муҳимми таъминсозии барқарорӣ ва амнияти қаламрави ИДМ мебошад. Ҳамчунин, ин имконоти нав барои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо бо Осиёи Ҷанубӣ аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ