Фаъолияти хонаҳои «Шӯрои маслиҳати занон»

Мутобиқи супориши роҳбари давлатамон дар ҳар маҳалла ташаккул додани хонаҳои «Шӯрои маслиҳати занон», барои онҳо муайян кардани ҷой, дар чунин биноҳо ҷудо намудани камаш 2-тогӣ хона ва дар асоси талаботи махсус бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудан нишон дода шудааст. Аз рӯйи иҷрои талаботи мазкур аз қисми даромадгоҳи Кохи маданияти маҳаллаи «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд 2 хонаи «Шӯрои маслиҳати занон» ҷудо карда шуд.
Мақсади асосии шӯрои мазкур аз шунидани муаммоҳои занони ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ, ба амал баровардани таклифу хоҳишҳои онҳо, мушкилоти занону духтаронро омӯхта, барои ҳалли онҳо кӯмак намудан, доир ба мустаҳкам кардани оилаҳо, нақши муҳими тарбияи фарзанд, инчунин афзудани фаъолии иҷтимоии занон маслиҳатҳои муфид додан, васеъ тарғиб намудани ғояҳои «духтари боодоб», «келини боиффат» ва «зани бомаърифат» иборат аст.
Шӯрои маслиҳати занон вазифаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти занон, аз ҷумла, муайян кардани муаммоҳои маишӣ, тиббӣ, психологӣ, педагогӣ, меҳнатӣ, омӯхтани дараҷаи эҳтиёҷи онҳо ва дастгирии иҷтимоӣ, инчунин, тақдим кардани муаммоҳои аниқгардида ба мутасаддиён мебошад. Шӯрои мазкур саъю ҳаракат мекунад, ки арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ, қоидаҳои ахлоқу одоб, масъалаҳои риояи маданияти либоспӯширо дар байни духтарон тарғиб намояд, ба ривоҷи шахсию касбии онҳо кӯмак расонад, ҳуқуқи таълим гирифтани бонувонро ҳимоя намояд, давомоти духтарони болиғро дар муассисаҳои таълимӣ омӯзад. Инчунин, дар ҳоли ба ҳисоб гирифтани талаби бозори меҳнат, хоҳиши духтаронро нисбат ба хондан ба назар гирифта, барои соҳиби донишу маҳорати баланди касбӣ, бо ҷойи кор таъмин намудан, ба роҳ мондани тадбиркорӣ, гирифтани кредит барои ривоҷи он кӯмак мерасонад.
Хонаҳои мазкур барои сӯҳбатҳои даврӣ, психотренингҳо, тадбирҳои маънавӣ-­маърифатӣ ва фарҳангӣ, омӯхтани асосҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ-­психологии оила бо мақсади ба ҳаёти оилавӣ тайёр кардани духтароне, ки дар арафаи оиладоршавӣ мебошанд, инчунин, хонишу семинарҳои гуногуни ба ривоҷи арзишҳои маънавӣ нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки таҷҳизоти хонаҳо аз ҳисоби маблағҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ